Канда шудани лифти яке аз манзилҳои навсохти пойтахт

Субҳи рӯзи якшанбе дар яке аз манзилҳои навсохти баландошёнаи шаҳри Душанбе лифти он канда шуд, ки дар дохили он занон ва кӯдакони хурдсол қарор доштанд. Шоҳидони ҳодиса, истиқоматкунандагони хонаи 44/1-и кӯчаи Раҳмон Набив ба «Азия-Плюс» дар ин робита гуфтанд, дар ошёнаи шашуми бино таноб (трос)-и лифт канда шудааст. «Хушбахтона, занону кӯдакони дар дохили он қарордошта, […]

ASIA-Plus



Субҳи рӯзи якшанбе дар яке аз манзилҳои навсохти баландошёнаи шаҳри Душанбе лифти он канда шуд, ки дар дохили он занон ва кӯдакони хурдсол қарор доштанд.

Шоҳидони ҳодиса, истиқоматкунандагони хонаи 44/1-и кӯчаи Раҳмон Набив ба «Азия-Плюс» дар ин робита гуфтанд, дар ошёнаи шашуми бино таноб (трос)-и лифт канда шудааст. «Хушбахтона, занону кӯдакони дар дохили он қарордошта, осеби ҷиддӣ надида, танҳо ҷароҳатҳои сабук бардоштанд», – гуфтанд онҳо ва изҳор доштанд, ки шумори дақиқи ҷароҳатбардоштагон ба онҳо маълум нест.

Хонаи нуҳошёна бо суроғаи кӯчаи Раҳмон Набиев 44/1 навсохт буда, чанд сол пеш ба истифода дода шудааст. Ба қавли сокинони ин хона, онҳо мудом бо лифт ва хатти барқ дар ин бино мушкилӣ доштаанд.

Дигар ҷузъиёти ин ҳодиса айни замон маълум нест.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.