Кумаки ИМА ба рушди бахши сайёҳии Тоҷикистон



Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Элизабет Миллард дидору гуфтушунид намуда, зимни мулоқот ҳамкориҳои дуҷониба дар риштаҳои гуногун, аз ҷумла рушди бахши сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумита, дар ҷараёни вохӯрӣ Элизабет Миллард қайд намудааст, ки дар пайи сафарҳо аз чандин минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон дидан намуда, ният доранд, то як мутахассисеро даъват намоянд, то ин ҳама рангорангиро мавриди омӯзиши амиқ қарор диҳад.

Гуфта мешавад, сафир ҳамчунин зикр кардааст, ки ИМА баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо барои  ҳамкорӣ ҳамеша омода буда, барои густариши боз ҳам бештари ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти туризм месазад, то ҷалби коршиносони байналмилалии соҳаи туризми Амрико ба Тоҷикистон сурат гирад.

spot_imgspot_img

Популярное