Кумаки ИМА ба рушди бахши сайёҳии Тоҷикистон

Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Элизабет Миллард дидору гуфтушунид намуда, зимни мулоқот ҳамкориҳои дуҷониба дар риштаҳои гуногун, аз ҷумла рушди бахши сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумита, дар ҷараёни вохӯрӣ Элизабет Миллард қайд намудааст, ки дар […]

ASIA-Plus



Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Элизабет Миллард дидору гуфтушунид намуда, зимни мулоқот ҳамкориҳои дуҷониба дар риштаҳои гуногун, аз ҷумла рушди бахши сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумита, дар ҷараёни вохӯрӣ Элизабет Миллард қайд намудааст, ки дар пайи сафарҳо аз чандин минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон дидан намуда, ният доранд, то як мутахассисеро даъват намоянд, то ин ҳама рангорангиро мавриди омӯзиши амиқ қарор диҳад.

Гуфта мешавад, сафир ҳамчунин зикр кардааст, ки ИМА баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо барои  ҳамкорӣ ҳамеша омода буда, барои густариши боз ҳам бештари ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти туризм месазад, то ҷалби коршиносони байналмилалии соҳаи туризми Амрико ба Тоҷикистон сурат гирад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.