Яке аз фармондеҳони калидии ҳаракати ифротгарои «Толибон» Қорӣ Алӣ дар дар ноҳияи бо Тоҷикистон ҳаммарзи Дашти Арчии вилояти Кундузи Афғонистон кушта шудааст. Дар ин бора ВАО-и Афғонистон бо истинод ба ВКД-и ин кишвар хабар медиҳанд.
Гуфта мешавад, Қорӣ Алӣ ҳамроҳ бо 8 нафар толибони мусаллаҳ шоми рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар ҳудуди деҳаи Таракии ноҳияи дашити Арчӣ бар асари зарбаҳои ҳавоӣ ҳалок шудааст.
Ҳукуматдорони Афғонистон Қорӣ Алиро дар содир намудани як қатор ҳамлаҳои террористӣ дар қаламрави вилояти Қундуз муттаҳам медонанд.
Тирамоҳи соли гузашта ҷангиёни Толибон ба муддати чанд рӯз маркази маъмурии вилояти Кундузро таҳти тасарруф дароварданд. Бо мусоидати низомии ИМА ва қувваҳои эътилоф ба нерӯҳои ҳукумат берун кардани ҷангиён аз қаламрави вилоят муяссар гардид.
Лекин то ҳол толибон ҳадди ақал дар чор ноҳияи ҳамарз бо Тоҷикистон дар ин вилоят ҳузури назаррас доранд. Аз ҷумла ҳузури назарраси онҳо дар ноҳияҳои Чордара, Имом Соҳиб, Дашти Арчӣ ва Қалъаи Зол ба мушоҳида мерасад.





