Қатли яке аз фармондеҳони «Толибон» дар наздикии марзи Тоҷикистон

Яке аз фармондеҳони калидии ҳаракати ифротгарои «Толибон» Қорӣ Алӣ дар дар ноҳияи бо Тоҷикистон ҳаммарзи Дашти Арчии вилояти Кундузи Афғонистон кушта шудааст. Дар ин бора ВАО-и Афғонистон бо истинод ба ВКД-и ин кишвар хабар медиҳанд. Гуфта мешавад, Қорӣ Алӣ ҳамроҳ бо 8 нафар толибони мусаллаҳ шоми рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар ҳудуди деҳаи Таракии ноҳияи […]

ASIA-Plus



Яке аз фармондеҳони калидии ҳаракати ифротгарои «Толибон» Қорӣ Алӣ дар дар ноҳияи бо Тоҷикистон ҳаммарзи Дашти Арчии вилояти Кундузи Афғонистон кушта шудааст. Дар ин бора ВАО-и Афғонистон бо истинод ба ВКД-и ин кишвар хабар медиҳанд.

Гуфта мешавад, Қорӣ Алӣ ҳамроҳ бо 8 нафар толибони мусаллаҳ шоми рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар ҳудуди деҳаи Таракии ноҳияи дашити Арчӣ бар асари зарбаҳои ҳавоӣ ҳалок шудааст.

Ҳукуматдорони Афғонистон Қорӣ Алиро дар содир намудани як қатор ҳамлаҳои террористӣ дар қаламрави вилояти Қундуз муттаҳам медонанд.

Тирамоҳи соли гузашта ҷангиёни Толибон ба муддати чанд рӯз маркази маъмурии вилояти Кундузро таҳти тасарруф дароварданд. Бо мусоидати низомии ИМА ва қувваҳои эътилоф ба нерӯҳои ҳукумат берун кардани ҷангиён аз қаламрави вилоят муяссар гардид.

Лекин то ҳол толибон ҳадди ақал дар чор ноҳияи ҳамарз бо Тоҷикистон дар ин вилоят ҳузури назаррас доранд. Аз ҷумла ҳузури назарраси онҳо дар ноҳияҳои Чордара, Имом Соҳиб, Дашти Арчӣ ва Қалъаи Зол ба мушоҳида мерасад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.