Дар Иркустк курсанти 20-солаи тоҷикро куштанд

Шаби 12 июни соли равон дар шаҳри Иркутск донишҷӯи соли дуввуми Институти Сибири Шимолии ВКД Россия Саидшоҳ Исломови 20-сола аз Тоҷикистон аз тарафи шахсони номаълум бо зарби корд кушта шуд. Тавре Сарвар Бахтӣ, котиби матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Россия иттилоъ дод, оид ба ин куштор аз ҷониби мақомоти қудратии шаҳри Иркутск парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. […]

ASIA-Plus



Шаби 12 июни соли равон дар шаҳри Иркутск донишҷӯи соли дуввуми Институти Сибири Шимолии ВКД Россия Саидшоҳ Исломови 20-сола аз Тоҷикистон аз тарафи шахсони номаълум бо зарби корд кушта шуд.

Тавре Сарвар Бахтӣ, котиби матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Россия иттилоъ дод, оид ба ин куштор аз ҷониби мақомоти қудратии шаҳри Иркутск парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

«Шахсони гумонбар дастгир шудаанд ва ҳоло бинобар зарурати тафтишотӣ, номҳои онҳо аз тарафи мақомоти тафтишотӣ ифшо нашудааст», – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки сафорати Тоҷикистон дар Россия дар ҳамбастагӣ бо Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Россия ва намояндагони диаспораи тоҷик барои фиристодани ҷасади шаҳрванди фавтидаи тоҷик иқдоми лозимаро анҷом дода, ҷасад ба ватан фиристода хоҳад шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.