Палатаи поёнии парлумон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюм Созишномаи маблағгузории лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо — II» (ЛРЧЧ — II) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ ва Фонди трастии барномаи мутобиқшавии хоҷагиҳои фермерии хурд ба тағйирёбии иқлимро, ки моҳи феврали соли равон дар пойтахти Италия – шаҳри Рим ба имзо расида буд, тасдиқ кард.
Зимни суханронӣ доир ба ин масъала муовини вазири молияи Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадиён изҳор дошт, ки дар доираи амалисозии лоиҳаи мазкур аз соли 2016 то соли 2022 баҳри беҳбуди вазъи чарогоҳҳо дар чанде аз ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 24 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо карда мешавад, ки аз ин миқдор беш аз 15 млн. доллари ИМА маблағҳои грантӣ мебошанд.
Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров дар ин робита зикр кард, ки имрӯз баъзе чарогоҳҳои кишвар дар ихтиёри шахсони тасодуфӣ қарор доранд, ки аз тарзу усулҳои чорводорӣ фарсахҳо дуранд.
«Онҳо бо салоҳдид ва нархҳои гузоштаи худ чорворо ба чарогоҳ роҳ медиҳанд ва вақти он расидааст, ки ба ин бесарусомонӣ хотима бахшида шавад», – таъкид дошт Ш.Зуҳуров.





