Боздошти табибони ноҳияи Восеъ ба гумони қаллобӣ

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ корманди Маркази санитарию эпидемиологии ноҳияи Восеъро ба гумони қаллобӣ боздошт намуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентӣ, корманди ин марказ Абдурасул Холматов тибқи маслиҳати пешакӣ бо корманди бемористони ноҳия Иброҳим Валиев ба боварии шаҳрванд «М» даромада, ба ӯ ваъда медиҳанд, ки барои дохил шуданаш ба […]

ASIA-Plus



Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ корманди Маркази санитарию эпидемиологии ноҳияи Восеъро ба гумони қаллобӣ боздошт намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентӣ, корманди ин марказ Абдурасул Холматов тибқи маслиҳати пешакӣ бо корманди бемористони ноҳия Иброҳим Валиев ба боварии шаҳрванд «М» даромада, ба ӯ ваъда медиҳанд, ки барои дохил шуданаш ба коллеҷи тиббии ноҳия мусоидат мекунанд ва сипас аз ӯ ба сифати мукофотпулӣ 2,1 ҳазор доллари ИМА-ро гирифта, вале ваъдаашонро иҷро намекунанд.

Гузашта аз ин, тибқи маълуомти Агентӣ, онҳо аз шаҳрванд «М» боз 300 доллари ИМА маблағи иловагӣ талаб намуда, зимни гирифтани ин миқдор маблағ Иброҳим Валиев дар қаламрави бемористон боздошт мешавад.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел нисбати А.Холматов ва И.Валиев парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.