Бекор шудани тамоми андозҳо барои воридоти маснӯоти заргарӣ

Вакилони палатаи поёнии парлумон дар ҷаласаи имрӯза аз тағйироту иловаҳои аз ҷониби президенти мамлакат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2016» ҷонибдорӣ намуданд. Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамшед Каримзода қайд кард, ки мутобиқи тағйирот, маснӯоти заргарии аз хориҷи кишвар воридшуда аз пардохти […]

ASIA-Plus



Вакилони палатаи поёнии парлумон дар ҷаласаи имрӯза аз тағйироту иловаҳои аз ҷониби президенти мамлакат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2016» ҷонибдорӣ намуданд.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамшед Каримзода қайд кард, ки мутобиқи тағйирот, маснӯоти заргарии аз хориҷи кишвар воридшуда аз пардохти андозҳо ба арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд. «Айни замон ҳаҷми андоз ва боҷ аз маснӯоти тилло ва нуқра аз 40 то 52 фоиз аз арзиши умумии ин маснӯоти воридшударо ташкил медиҳад», – иброз дошт муовини вазир.

Тадбири мазкур, ба андешаи Ҷ.Каримзода, ба пешгирии қочоқи воридоти маснӯоти заргарӣ ба кишвар, муомилоти коррупсионӣ дар ин самт, ҳимояи бозор аз маснӯоти пастсифати заргарӣ ва аз байн бурдани бозорҳои пасипардагии савдои ҷавоҳирот нигаронида шудааст.

«Тӯли 9 моҳи соли 2015 танҳо тариқи хатсайри мустақими ҳавоӣ аз Туркия ба Тоҷикистон беш аз 700 кило маснӯоти заргарӣ ворид шудааст, ки воридоти ҳамагӣ 15 килояш бо роҳи қонунӣ, яъне пардохти ҳамаи андозу боҷҳо сурат гирифта, зиёни мустақими ба давлат расида аз ин амал ҳудуди 6 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад», – гуфт ӯ.

Дар идома ӯ таъкид дошт, ки зиёда аз 97,5%-и бозори хариду фурӯши маснӯоти заргарии Тоҷикистон дар ихтиёри истеҳсолкунандандагони кишварҳои хориҷӣ аст. «Минбаъд воридкунандагони маснӯоти заргарӣ ба ивази андозу боҷҳои зикршуда боҷи ягонаи махсуси гумрукиро пардохт мекунанд, ки ҳаҷми он барои воридоти 1 грамм маснӯоти тилло – 18 сомонӣ ва 1 грамм маснӯот аз нуқра – 3,6 сомониро ташкил медиҳад», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио