Раиси Кумитаи умури ИДМ, ҳамгиройии авруосиёӣ ва робита бо ҳамватанони Думаи давлатии Русия Леонид Слутский рӯзи 4 июл изҳор доштааст, ки ояндаи наздик Тоҷикистон оид ба хоҳиши пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) изҳори назар мекунад.
«Бар ин назарам, ки соли наздиктарин Душанбе дар бораи хоҳиши худ изҳори назар хоҳад кард. Тоҷикистон нисбат ба ҳама гуна дигар кишварҳои узви ИДМ ба ин майл дорад», –
овардааст
гуфтаҳои Слутскийро «Лента.ру».
Дар ҳамин ҳол, узви парлумони Русия ҳамчунин қайд кардааст, ки «ин интихоби кишварҳои соҳибистиқлол буда, мо касеро зӯран ба сӯи худ моил карданӣ нестем». «Агар кумитаи ИИАО аз Тоҷикистон дархости расмӣ гирад, мо рӯи амалисозии он фикр мекунем», – иброз доштааст ӯ.
Слутский эътироф кардааст, ки иқтисоди Тоҷикистон барои иштироки комил дар иттиҳоди ҳамгиройӣ алҳол омода нест ва дар ҳамин ҳол таъкид доштааст, ки пайвастани Тоҷикистон ба ин Иттиҳод ба рушди иқтисод дар кишвар ва соддаву мусбат ҳаллу фасл шудани як қатор масоили марбут ба муҳоҷират мусоидат менамояд.
Аввали моҳи феврали соли равон вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода зимни нишасти хабарӣ
изҳор дошта буд
, ки ҷараёни омӯзиши масъалаи узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) то ҳол идома дорад.
«Аз ҷониби гурӯҳи кории байниидоравӣ дар ин самт корҳои ҷиддӣ ҷараён доранд, ки таҳлили ҳамаҷонибаи масъаларо тақозо мекунанд ва ҳанӯз аз натиҷаҳои он сухан гуфтан барвақт аст, зеро ин корҳо ҳол ба итмом нарасидаанд», – зикр кард вазир.
Дар робита ба мавқеи Тоҷикистон оид ба узвият ба ин Иттиҳод муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Саидраҳмон Назриев қайд кард, ки «албатта, Тоҷикистон низ аз ҳамкориҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар канор буда наметавонад».
«Аммо, – идома дод ӯ. – Қабл аз пайвастан ба чунин иттиҳодҳо, мо бояд ҳамаи паҳлӯҳои онро омӯзем: мо аз он чӣ ба даст оварда метавонему чиро талаф медиҳем».
Назриев ҳамчунин илова кард, ки барои муайян кардани мавқеи худ дар ин масъала Тоҷикистон бояд онро «ҳамаҷонибаву амиқ таҳлил кунад».
Қобили зикр аст, ки кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Русия аъзои ИИАО мебошанд. Санаи 21 майи соли гузашта Қирғизистон ба узвияти он пазируфта шуда, санаи 25 май Ветнам ба минтақаи савдои озод бо кишварҳои ин Иттиҳод ҳамроҳ шуд.





