Омодагии ширкати Чин ҷиҳати сармоягузорӣ ба зербинои шаҳрҳои Тоҷикистон

Ширкати Yunnan Construction Investment Holding-и Чин ҷиҳати сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ҳавасманд буда, холдинг асосан ба бахшҳое чун бунёди зербино дар шаҳрҳо, сохтмони роҳҳо ва нерӯгоҳҳои барқӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Дар доираи сафари ҳайати намояндагони ширкати чинӣ ба вилояти Суғд аввали ҳамин ҳафта ҳайати онҳо аз шаҳраки Сайҳун боздид намудаанд. Гурӯҳи холдингии сармоягузорӣ-сохтмонии «Юнан»-и Чин […]

ASIA-Plus



Ширкати Yunnan Construction Investment Holding-и Чин ҷиҳати сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ҳавасманд буда, холдинг асосан ба бахшҳое чун бунёди зербино дар шаҳрҳо, сохтмони роҳҳо ва нерӯгоҳҳои барқӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.

Дар доираи сафари ҳайати намояндагони ширкати чинӣ ба вилояти Суғд аввали ҳамин ҳафта ҳайати онҳо

аз шаҳраки Сайҳун боздид намудаанд.

Гурӯҳи холдингии сармоягузорӣ-сохтмонии «Юнан»-и Чин зиёда аз 26 млрд. доллар сармоя ва алҳол барои сармоягузорӣ зиёда аз 8 миллиард доллар маблағи озод дорад. Соли гузашта аз ҷониби ширкат 50 иншооти бузург ба истифода дода шудааст.

Меҳмонони чиниро раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ

ба ҳузур пазируфта

, дар навбати худ имконоти сармоягузорӣ дар тТҷикистонро муаррифӣ намудааст. «Имрузҳо бунёди шаҳраки нави Сайҳун бомаром идома дошта, имконият медиҳад, ки сармоягузорони хориҷӣ дар бунёди як қатор инфрасохтори шаҳрак саҳмгузорӣ намоянд ва ин амал ба нафъи ҳарду ҷониб хоҳад буд», – иброз доштааст А.Қодирӣ.

Раиси вилоят дар идомаи сӯҳбат доир ба дурнамои сохтмони якчанд иншооти муҳим, аз қабили сохтмони роҳи оҳан тавассути соҳили рости шаҳри Хуҷанд, бунёди меҳмонхонаи наву замонавӣ дар маркази вилоят, Маркази гармидиҳӣ ва неругоҳҳои хурду бузургӣ барқӣ-обӣ изҳори назар намудааст.

Дар мавриди бунёди корхонаҳои коркарди партов гуфта шудааст, ки ташкили чунин корхонаҳо дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд мувофиқи мақсад мебошад, зеро шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дорои аҳолии зиёд мебошанд, ба шаҳри Хуҷанд наздик буда,  корхонаи коркарди партов дар ин шаҳру навоҳӣ феълан вуҷуд надорад. 

Ҳини  мулоқот Абдураҳмон Қодирӣ таваҷҷӯҳи меҳмононро ҳамчунин ба соҳаи сайёҳӣ низ ҷалб намуда, таъкид доштааст, ки минтақаи Суғд дорои зиёди мавзеъҳои сайёҳӣ буда, ҷалби сармоягузорӣ ба рушди соҳа мусоидат хоҳад кард.

Yunnan Construction Investment Holding яке аз корпоратсияҳои бузургтарини сармоягузорӣ дар Чин ба шумор рафта, асосан ба сохтмони зербино барои рушди кишварҳо машғул мебошад. Имрӯзҳо корпоратсия дар Лаосу Африқо фаъолона ба корҳои сохтмон машғул аст.

Шурӯъ аз соли 2016 ширкат ният дорад, ки ба сармоягузорӣ ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ оғоз бахшида, тасмим гирифта шудааст, ки ин иқдом аз Тоҷикистон оғоз мегардад. Ба ҳайати корпоратсия мудирони ширкатҳои бузурги сохтмону таъмири роҳҳо, бунёди зербинои шаҳрҳо, сохтмони нерӯгоҳҳо ва меҳмонхонаҳо шомиланд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.