Боздошти тоҷикистониён дар Маскав ба гумони муомилот бо пулҳои қалбакӣ

Кормандони мақомоти пулис се зодаи Тоҷикистонро ба гумони муомилот бо пулҳои қалбакӣ дар Маскав боздошт намуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар нақлиёти Ҳавзаи марказии федералии Русия, тибқи маълумоти пешакӣ, ба онҳо муяссар шудааст, ки беш аз 150 адад пулҳои қалбакиро тариқи терминалҳои пардохт ба маблағи умумии 144 ҳазор рубл истифода кунанд. Гуфта […]

ASIA-Plus



Кормандони мақомоти пулис се зодаи Тоҷикистонро ба гумони муомилот бо пулҳои қалбакӣ дар Маскав боздошт намуданд.

Бино ба

иттилои

дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар нақлиёти Ҳавзаи марказии федералии Русия, тибқи маълумоти пешакӣ, ба онҳо муяссар шудааст, ки беш аз 150 адад пулҳои қалбакиро тариқи терминалҳои пардохт ба маблағи умумии 144 ҳазор рубл истифода кунанд.

Гуфта мешавад, нисбати боздоштшудагон мутобиқи моддаи «Тайёр кардан, нигаҳдорӣ, интиқол ё муомилоти пулҳои қалбакӣ ё коғазҳои қиматнок» парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар ин модда ҷазои маҳрумият аз озодӣ то 15 сол пешбинӣ шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки боздоштшудагон ба гуноҳашон иқрор шуда, тафтишот муайян кардааст, ки пулҳои мусодирашуда ба Бонки Русия тааллуқ надоранд ва дар онҳо аломатҳои сохтакорӣ ба мушоҳида мерасанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.