Шумори терминалҳои электронӣ беш аз 25% афзуд

Тӯли як соли ахир шумори терминалҳои насбгардида дар марказҳои савдо ва хизматрасонӣ 26,7% афзуд. Бино ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ба санаи 1 июни соли ҷорӣ шумори чунин терминалҳо дар ҷумҳурӣ ба 631 адад расидааст. Зикр мегардад, ки боз 1 ҳазору 672 адад терминали электронӣ дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд насб гардидаанд, ки нисбат […]

ASIA-Plus



Тӯли як соли ахир шумори терминалҳои насбгардида дар марказҳои савдо ва хизматрасонӣ 26,7% афзуд.

Бино ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ба санаи 1 июни соли ҷорӣ шумори чунин терминалҳо дар ҷумҳурӣ ба 631 адад расидааст.

Зикр мегардад, ки боз 1 ҳазору 672 адад терминали электронӣ дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд насб гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,5% зиёдтар аст.

Гуфта мешавад, айни замон 16 ташкилоти қарзӣ ба барориш ва хизматрасонии кортҳои пардохтии бонкӣ дар Тоҷикистон машғул буда, бо Низоми пардохти миллии “Корти миллӣ”, низомҳои пардохтии байналмилалии VISA, MasterCard, UnionPay ва бо дигар низомҳо ҳамкорӣ доранд.

Қайд мешавад, ки ба санаи 1 июни соли ҷорӣ ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 1 ҳазору 562 адад кортҳои пардохтии бонкиро ба муомилот бароварданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29,3 фоиз зиёд мебошад.

Қаблан БМТ

иттилоъ дода буд

, ки аз оғози соли оянда насби терминалҳои электронӣ дар марказҳои савдо ва хизматрасонӣ ҳатмӣ гардида, барои иҷро накардани ин дастур ҷарима пешбинӣ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.