Минтақаи савдои озод дар марзи Тоҷикистону Чин



Аз ҳарду тарафи гузаргоҳи сарҳадии «Қулма» дар марзи Тоҷикистону Чин ояндаи наздик минтақаи савдои озод фаъол мешавад.

Худойбердӣ Холиқназар, директори Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди президенти Тоҷикистон зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон аз ҳарду ҷониб гурӯҳҳои корӣ фаъолона дар ин самт талош варзида, чиниҳо дар қаламрави худ аллакай терминал бунёд кардаанд, ки тадриҷан бо маҳсулоту борҳои гуногун ғанӣ шуда истодааст. «Дар қаламрави мо низ дар ноҳияи Мурғоб бунёди чунин терминал дар назар аст», – иброз дошт роҳбари МТС.

Ӯ қайд кард, ки баъди бунёди ин минтақаи савдои озход ба соҳибкорони тоҷик дигар лозим намеояд, ки маблағу вақти зиёдро сарф ва масофаи тӯлониро тай намуда, ба шаҳрҳои Қошғару Урумчӣ раванд.

«Дар ин минтақа дарёфти тамоми номгӯи бору маҳсулоте, ки маъмулан соҳибкорони мо онҳоро мехаранд, имконпазир хоҳад шуд. Илова бар ин, низоми электронии савдо ҳам роҳандозӣ мешавад ва соҳибкор пешакӣ тариқи интернет ҳама гуна маҳсулотро фармоиш дода, он дар фурсати наздиктарин ба терминал оварда мешавад», – шарҳ дод номбурда.

spot_imgspot_img

Популярное