Сандуқи лоиҳаҳои сармоягузории амалкунандаи Тоҷикистон ба аввали моҳи июли соли равон аз 70 лоиҳа иборат буда, ҳаҷми умумии маблағи он 22,3 млрд. сомонӣ (2,84 млрд.доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, дар сандуқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз ҷумла 31 лоиҳаи грантӣ, 18 лоиҳаи қарзӣ ва 21 лоиҳаи сармоягузории омехта вуҷуд дошта, ҳаҷми умумии маблағгузории грантӣ ба 9,8 млрд. сомонӣ (1,25 млрд. $) баробар аст. «Дар доираи амалисозии ин лоиҳаҳо аз оғози сол 1,2 млрд. доллари ИМА маблағгузориҳо азхуд карда шуданд, ки 44% аз ҳаҷми умумии маблағи онҳоро ташкил медиҳад»,- гуфтанд дар Кумита.
Зимнан таъкид шуд, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ бо мақсади амалисозии 10 лоиҳаи афзалиятноки сармоягузорӣ ба маблағи умумии 133 млн. доллари ИМА созишномаҳои нав ба имзо расиданд.
Қобили зикр аст, ки аввали соли равон лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон аз 59 лоиҳа иборат буда, ҳаҷми онҳо беш аз 2,5 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода буд.
Тибқи маълумоти Кумита, тӯли 6 моҳи соли 2016 ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми беш аз 221 млн. доллари ИМА сармоягузориҳо ҷалб шудаанд, ки ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ дар он ба зиёда аз 120 млн. доллари ИМА баробар аст.
Дар ин давра сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ аз Чин – дар ҳаҷми қариб 67,8 млн. $, Русия – 30 млн. $, Фаронса – 7,6 млн. $, Британияи Кабир – 5,5 млн. $, ИМА – 4,3 млн. $ ва дигар кишварҳо – 4,8 млн. $ ҷалб шудаанд.





