Таҳкими тадбирҳои амниятӣ дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо имзои фармон ҳанӯз аз аввали моҳи равон Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварро ба андешидани тадбирҳои иловагии таъмини амният дар фурудгоҳҳо ва ҳавопаймоҳо уҳдадор намуд.

Дар доираи иҷрои фармони сарвари давлат КДАМ оид ба ошкор ва пешгирӣ кардани амалҳои террористӣ, ғасби ҳавопаймоҳо, бино ва иншооти авиатсионӣ, гаравгонгирӣ, дигар ҷиноятҳои муташаккилона, қочоқ ва ҳамлу нақли маводи тарканда ва заҳролуд, аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ, маводи нашъаовар ва прекурсорҳои он дар фурудгоҳҳо чорабиниҳо доир намуда, ҳамчунин давра ба давра дар ҳавопаймоҳо, қаламрави фурудгоҳу иншооти он тамринҳои зиддитеррористӣ гузаронида мешаванд.

Ҳамзамон ба КДАМ Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти маҳаллии онҳо дастур дода шудааст, ки доир ба ошкор ва пешгирии ҳолатҳои дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти фурудгоҳҳо барои ҳар кадоме аз фурудгоҳҳо нақшаи чорабиниҳо ва амалиётҳои муштаракро таҳия намуда, муддати се моҳ дубора технологияи қолабии ҳамкории мутақобила миёни мақомоти давлатӣ ва Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ва дигар фурудгоҳҳои кишварро таҳия ва тасдиқ кунанд.

Ёдрас мекунем, ки ҳанӯз ахири моҳи гузашта дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД)

тадбирҳои таъмини амният пурзӯр карда шуданд

. Ба бинои фурудгоҳ танҳо мусофирон бо билеташон дар даст роҳ дода шуда, ба гуселкунандагону пешвозгирандагон дохилшавӣ ба терминал манъ аст.

Намояндагони ФБД ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дода буданд, ки чунин чораҳо дар робита ба амали террористии рӯзи 28 июн дар фурудгоҳи шаҳри Истанбул роҳандозӣ шудаанд.

spot_imgspot_img

Популярное