Боздиди сарвазир аз минтақаи озоди иқтисодии Данғара

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 18 июл аз минтақаи озоди иқтисодии Данғара, воқеъ дар минтақаи ҷануби кишвар боздид кард. Тавре як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, сарвазир бо ҷараёни сохтмони корхонаҳои коркарди нафт, истеҳсоли сохторҳои металлӣ ва семент, ки мутаносибан иқтидори солонаашон ба коркарди 500 ҳазор тонна нафт, истеҳсоли 100 ҳазор тонна металл ва […]

ASIA-Plus



Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 18 июл аз минтақаи озоди иқтисодии Данғара, воқеъ дар минтақаи ҷануби кишвар боздид кард.

Тавре як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, сарвазир бо ҷараёни сохтмони корхонаҳои коркарди нафт, истеҳсоли сохторҳои металлӣ ва семент, ки мутаносибан иқтидори солонаашон ба коркарди 500 ҳазор тонна нафт, истеҳсоли 100 ҳазор тонна металл ва 1 млн. 600 ҳазор тонна семент баробар аст, аз наздик шинос шуд. Ин корхонаҳо аз ҳисоби сармоягузориҳои муштараки Тоҷикистону Чин сохта мешаванд.

Қоҳир Расулзода таваҷҷуҳи роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро ба иҷрои хушсифати корҳои сохтмон, таъмини иншооти сохташаванда бо нерӯи барқи доимӣ ва ҷалби ҳарчи бештари мутахассисони маҳаллӣ ба сохтмон ҷалб намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.