Бинои Фурӯшгоҳи марказии Душанбе (ЦУМ) минбаъд кӯчонида шуда, ба ҷойи он бинои баландошёнаи бисёрсоҳавӣ сохта мешавад.
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон масъалаи азнавсозии бинои Фурӯшгоҳи марказӣ мавриди баррасӣ қарор дорад. «Лоиҳаи азнавсозии бинои Фурӯшгоҳи марказӣ таҳия шуда, тибқи дастури Дастгоҳи иҷроияи президент ояндаи наздик амалисозии он оғоз мегардад», – гуфт Аҳмадзода.
Қобили зикр аст, ки нимаи моҳи феврали соли ҷорӣ Фурӯшгоҳи марказӣ ба тавозуни Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ гузаронида шуд. Қарори дахлдори ҳукумат дар ин хусус 2 феврали соли ҷорӣ қабул шуд.
Ёдрас мекунем, ки
ахири соли гузашта
, ба кормандони Фурӯшгоҳи марказии Душанбе ё худ маъруф ба «ЦУМ» имрӯз директори навашонро муаррифӣ намуданд. Ҳамчунин ҳозирин бо қарори Суди иқтисодии шаҳри Душанбе шинос карда шуданд, ки мутобиқи он ҶС «Фурӯшгоҳи марказӣ» (ЦУМ) ба давлат баргардонида шуда, расман ба Маркази давлатии савдои Тоҷикистон табдили ном кард.
Аввали моҳи марти соли равон чанде аз собиқ саҳҳомони Фурӯшгоҳи марказӣ (ЦУМ) ба идораи «Азия-Плюс» занг зада,
дархост намуда буданд
, ки барои инъикоси вазъ атрофи ин фурӯшгоҳ журналист сафарбар карда шавад.





