Таҳияи Стратегияи миллии амнияти озуқавории Тоҷикистон 400 ҳазор $ арзёбӣ шуд

Муовини сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо намояндаи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба масъалаҳои озуқаворию кишоварзӣ (ФАО) Виорел Гутсу дидору гуфтушунид кард. Тавре АМИТ «Ховар» дар ин робита иттилоъ медиҳад, намояндаи ин созмон оид ба Барномае иттилоъ додааст, ки дар доираи он бо маблағгузории 400 ҳазор доллари ИМА, бо ҷалби сохторҳои дахлдори давлатии соҳавӣ, мушовирони хориҷию […]

АМИТ «Ховар»



Муовини сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо намояндаи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба масъалаҳои озуқаворию кишоварзӣ (ФАО) Виорел Гутсу дидору гуфтушунид кард.

Тавре

АМИТ «Ховар»

дар ин робита иттилоъ медиҳад, намояндаи ин созмон оид ба Барномае иттилоъ додааст, ки дар доираи он бо маблағгузории 400 ҳазор доллари ИМА, бо ҷалби сохторҳои дахлдори давлатии соҳавӣ, мушовирони хориҷию мутахассисони маҳаллӣ таҳияи Стратегияи миллии бехатарии маҳсулоти хўроквориро ба нақша гирифтаанд.

Гуфта мешавад, мақсад аз таҳияи ин стратегия таъмин намудани бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавассути марҳила ба марҳила гузаронидани ислоҳоти институтсионалӣ, омодасозии мутахассисони соҳавии ҷавобгўй ба талаботҳои байналмиллалӣ ва сохтани ташхисгоҳҳои муосир мебошад.

Азим Иброҳим  зикр намудааст, ки дар бозори таъмини бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ чор сохтор, Хадамотҳои назорати давлатии байторӣ,  фитосанитарӣ ва карантини растании Вазорати кишоварзӣ, Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Агентии «Тоҷикстандарт» фаъолият мекунанд.

Илова бар ин зери роҳбарии муовини сарвазир – сарпарасти соҳа  «Шўрои ҳамоҳангсозии бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ» фаъолият мекунад, ки ҳар сол ду маротиба ҷаласа баргузор намуда, дар он вазъи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ баррасӣ мегардад.

Муовини сарвазир иқдоми пешгирифтаи созмонро қобили таваҷҷуҳ шуморид ва афзудааст, ки дар доираи маблағи пешбинишуда ҳал намудани чунин ҳадафи бузург ғайриимкон мебошад. Ҳамчунин ӯ зикр кард, ки вобаста ба ин дар доираи корҳои  анҷомдодашаванда номгузорӣ кардани Нақшаи корӣ, Барнома ё ин ки Ҳадаф ба мақсад мувофиқтар мебуд.

Ҳамзамон муовини сарвазир омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти таъмини бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ изҳор намудааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст