Ҷоми футболи Иттиҳод дигар доир намегардад

Мусобиқаи байнулмилали футбол барои дарёфти Ҷоми Иттиҳоди Давлатҳои мустақил, ки ҳамасаола моҳи январ доир мегардид, дигар баргузор намешавад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон бо истинод ба вазири варзиш ва президенти Иттифоқи футболи Русия Виталий Мутко иттилоъ медиҳад. «Мусобиқаи футболи Ҷоми Иттиҳод дигар баргузор намегардад, зеро муҳимияти худро аз даст дод. Дар ҳамин ҳол, мо […]

ASIA-Plus



Мусобиқаи байнулмилали футбол барои дарёфти Ҷоми Иттиҳоди Давлатҳои мустақил, ки ҳамасаола моҳи январ доир мегардид, дигар баргузор намешавад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон бо истинод ба вазири варзиш ва президенти Иттифоқи футболи Русия Виталий Мутко иттилоъ медиҳад.

«Мусобиқаи футболи Ҷоми Иттиҳод дигар баргузор намегардад, зеро муҳимияти худро аз даст дод. Дар ҳамин ҳол, мо ба баргузори Ҷоми Гранаткин идома медиҳем», – изҳор доштааст Мутко.

Ёдрас мекунем, ки дар Ҷоми Иттиҳод нахуст чемпионҳои мусобиқаҳои футболи кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва сипас мунтахабҳои футболи ҷавонони ин кишварҳо ва дигар давлатҳо ширкат меварзиданд. Аз соли 2012 дар мусобиқаҳои Ҷоми Иттиҳод мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон низ иштирок мекард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.