СММ амали террористӣ дар Кобулро маҳкум кард

– Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба мусоидат ба Афғонистон ҳамла ба иштирокчиёни гирдиҳамойии осоиштаи рӯзи 23 июл дар Кобулро қотеъона маҳкум намуд, – хабар медиҳад Маркази иттилоооти СММ. Дар изҳороти роҳбари Дафтари СММ дар Афғонистон Тадамичи Ямамото қайд мешавад, ки ҳамлаи мазкур бахусус разилона аст, зеро шаҳрвандони осоишта, ки аз ҳуқуқи қонунии худ ба […]



– Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба мусоидат ба Афғонистон ҳамла ба иштирокчиёни гирдиҳамойии осоиштаи рӯзи 23 июл дар Кобулро қотеъона маҳкум намуд, –


хабар медиҳад


Маркази иттилоооти СММ.

Дар изҳороти роҳбари Дафтари СММ дар Афғонистон Тадамичи Ямамото қайд мешавад, ки ҳамлаи мазкур бахусус разилона аст, зеро шаҳрвандони осоишта, ки аз ҳуқуқи қонунии худ ба баргузории маҷлису изҳори озодонаи андеша истифода бурданд, мавриди ҳадаф қарор гирифтанд.

«Ҳамлаи тарҳрезишуда ба издиҳоми бузурги шаҳрвандони гирдомада метавонад ҳамчун ҷинояти низомӣ баррасӣ шавад ва ба он ҳеҷ гуна далели бегуноҳӣ наметавон дарёфт кард. Ин кӯшиши тарсу ҳарос афкандан миёни аҳолии осоишта ва маҳрум кардани афғонҳо аз озодиҳое мебошад, ки баҳри он онҳо талафоти зиёде додаанд», – изҳор доштааст Тадамичи Ямамото.

Ӯ ба хешону наздикони ҳалокшудагон ҳамдардӣ изҳор намуда, талаб кардааст, ки ҳамаи гунаҳкорони ба ин амали террористӣ дастдошта ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Тибқи

маълумоти

ВАО, рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда миёни издиҳом дар майдони Деҳмазанг ду таркиш ба вуқӯъ пайваст, ки онро ду маргталаб анҷом доданд. Террористи сеюми ба майдон воришударо кормандони пулис боздошт карданд. Бино ба маълумоти ахир, бар асари ин амали террористӣ 80 нафар ҳалок ва беш аз 230 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.