Музокироти Тоҷикистон бо кишварҳои Интерпол ҷиҳати истирдоди Кабирӣ

Тоҷикистон оид ба масъалаи боздошт ва ба ҷумҳурӣ истирдод шудани раиси Ҳизби фаъолияташ мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бо кишварҳои узви Интерпол (Пулиси байнулмилалӣ) гуфтушунид дорад. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки миёни Интерпол ва Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар мавриди ин масъала музокирот ҷараён […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+



Тоҷикистон оид ба масъалаи боздошт ва ба ҷумҳурӣ истирдод шудани раиси Ҳизби фаъолияташ мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бо кишварҳои узви Интерпол (Пулиси байнулмилалӣ) гуфтушунид дорад.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки миёни Интерпол ва Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар мавриди ин масъала музокирот ҷараён дорад.

«Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия, Украина, Беларус, Олмон ва Полша боздошт шудаанд, ки аъзои гурӯҳҳои террористӣ мебошанд ва ҳозир масъалаи ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои истирдоди онҳо ҳаллу фасл мешавад», – гуфт вазир, вале доир ба миёни ин боздоштшудагон ҳузур доштан ё надоштани аъзои ҲНИТ саҳеҳан маълумот надод.

Рамазон Раҳимзода қайд кард, ки нимсолаи аввал аз Русия ба Тоҷикистон 71 нафар истирдод шуда, 88 нафар дар боздоштанд ва айни замон масъалаи истирдоди онҳо мавиди баррасӣ қарор дорад. «Ба сурати умум дар ҷумҳурӣ 3 ҳазор нафар мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд», – илова кард вазир.

Дар ҳамин ҳол, намояндаи Интерпол дар Тоҷикистон Ҷамшед Машрабзода зикр кард, ки дар ин давра 342 нафар шаҳрвандоне, ки дар қаламрави Тоҷикистон ҷиноят содир кардаанд, тариқи Интерпол мавриди ҷустуҷӯ эълон шуда, 275 нафарашон ба содир намудани ҷиноятҳои террористиву ифротгароӣ муттаҳам дониста мешаванд.

«Тариқи Интерпол дар маҷмӯъ 1 ҳазору 661 нафар ҷинояткорон мавиди ҷустуҷӯ эълон шудаанд, ки 1 ҳазору 400 нафарашон ба ифротгароӣ ва терроризм гумонбар дониста мешаванд», – илова кард номбурда. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.