Иҷрои барзиёди нақшаи ҷамъоварии андоз сарфи назар аз буҳрон

Буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ, ки бар асари он поинравии ҳаҷми ҷамъоварии андозҳо пешгӯӣ мешуд, ба иҷрои барзиёди он ба андозаи 5% ва ба ҷойи 3,9 млрд. сомонии тибқи нақша пешбинишуда ҷамъ овардани 4,1 млрд. сомонӣ монеъа эҷод накард. Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода зимни нишасти хабариии имрӯза изҳор намуд, ки вазъи молии аксари ширкату корхонаҳо […]

Заррина Эргашева



Буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ, ки бар асари он поинравии ҳаҷми ҷамъоварии андозҳо пешгӯӣ мешуд, ба иҷрои барзиёди он ба андозаи 5% ва ба ҷойи 3,9 млрд. сомонии тибқи нақша пешбинишуда ҷамъ овардани 4,1 млрд. сомонӣ монеъа эҷод накард.

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода зимни нишасти хабариии имрӯза изҳор намуд, ки вазъи молии аксари ширкату корхонаҳо дар соли равон бад шуда, ин аз ҳаҷми ҷамъоварии андозҳо аён аст.

«Аз рӯи ҷамъоварии андоз шаҳри Душанбе ҳамеша пешсаф буд, аммо имрӯз мо шоҳиди онем, ки нақшаи ҷамъоварии андоз дар пойтахт ҳамагӣ каме бештар аз 90% иҷро шудааст. Аз ҷумла вазъи бонкҳо низ бад шуда, зиёни бонкҳо 1,5 млрд. сомониро ташкил доданд, ки дафтари кории асосии аксари онҳо дар шаҳри Душанбе ҷойгиранд», – иброз дошт ӯ.

Ғайр аз ин, ба гуфтаи ӯ, дар ҷумҳурӣ ҳаҷми сохтмон низ коҳиш ёфт, ки ба кам шудани талабот ба масолеҳи сохтмон боис гардид. «Дар ин корхонаҳо маҳсулоташон муддати зиёд ба фурӯш намеравад, зеро талабот ба масолеҳи сохтмон, аз ҷумла семент кам шуда, истеҳсоли семент бошад, зиёд мешавад. Ҳамаи ин ба ворид шудани маблағи андозҳо ба буҷети кишвар таъсир мерасонад», – шарҳ дод раиси Кумита.

Ба қавли номбурда, ҳаҷми даромадҳои ширкатҳои алоқаи мобилӣ низ коҳиш ёфтаааст. «Муштариён ба хотири сарфакорӣ барои хизматгузориҳои алоқа камтар маблағ сарф мекардагӣ шуданд, шояд ин бар асари буҳрон бошад, ки аҳолӣ аз хароҷот ба алоқа сарфакорӣ мекунад. Ин дар навбати худ ба коҳиши пардохти андозҳо аз ҷониби ширкатҳои алоқаи мобилӣ оварда мерасонад», – гуфт Н.Давлатзода.

Сарфи назар аз ҳама гуна мушкилоти зикршуда, нимсолаи аввалро Кумитаи андоз бо натиҷаҳои мусбат ҷамъбаст намуд.

Дар маҷмӯъ нақшаи ҷамъоварии андозҳо дар ВМКБ – 21%, ноҳияҳои тобеи марказ – 9%,  Хатлон – 8,9%, вилояти Суғд – 0,4% барзиёд ба иҷро  расида, танҳо дар шаҳри Душанбе ин нишондиҳандаи аз нақша 5,3% камтар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.