Раиси БМТ: Дар Тоҷикистон мушкили пули нақд вуҷуд надорад

– Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) талаботи иқтисод ва тиҷоратро бо пули нақд таъмин мекунад ва аз оғози сол ҳаҷми пули нақд дар бозорро 25% зиёд кард, – иброз дошт зимни нишасти хабарӣ раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода. Бино ба маълумоти раиси БМТ, ҳаҷми умумии пули нақд дар Тоҷикистон 6,6 млрд. сомониро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса […]

Заррина Эргашева



– Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) талаботи иқтисод ва тиҷоратро бо пули нақд таъмин мекунад ва аз оғози сол ҳаҷми пули нақд дар бозорро 25% зиёд кард, – иброз дошт зимни нишасти хабарӣ раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода.

Бино ба маълумоти раиси БМТ, ҳаҷми умумии пули нақд дар Тоҷикистон 6,6 млрд. сомониро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 36% зиёдтар мебошад.

«Иқтисоду тиҷорат ба ислоҳоте, ки мо аз соли гузашта мегузаронем, мутобиқ мешавад. Пеш аз ҳама, ин ба манъи пурраи истифодаи асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон дахл дорад. Акнун зимни ҳисоббаробаркуниҳо, аз ҷумла ҳангоми харидани автомашина ва манзил дар Тоҷикистон танҳо арзи миллӣ – сомонӣ истифода мешавад. Ин албатта ба талаботи зиёд ба пули миллӣ боис гардид ва бо назардошти он, мо ҳаҷми он дар гардишро афзудем, то ки талаботро қонеъ созем», – гуфт ӯ.

Нурмаҳмадзода зикр кард, ки ин механизм ҳамчунин ба Бонки миллӣ барои дар сатҳи устувор нигоҳ доштани сомонӣ кумак кард.

Тибқи маълумоти Бонки миллӣ, нимсолаи аввали соли ҷорӣ БМТаз Фонди эмиссионӣ 2,1 млрл. сомониро ба бозор баровард, ки нисбат ба соли гузашта 1,2 млрд. сомонӣ бештар аст. Ғайр аз ин, 727 млн. сомонӣ пулҳои фарсудаву куҳнашуда аз муомилот гирифта шудаанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.