Насби танӯрҳои наву замонавӣ дар назди биноҳои истиқоматии пойтахт



Дар Душанбе танӯрҳои наву замонавӣ пайдо мешаванд. Бо ин мақсад шаҳрдорӣ лоиҳаҳои ангории якчанд намуди танӯрҳои замонавиро таҳия дорад, ки баъдан тибқи озмун интихоб ва дар назди биноҳои истиқоматӣ насб карда хоҳанд шуд.

Дар ин бора рӯзи чоршанбеи 27 июл зимни суханронӣ дар нишасти хабарӣ дар Душанбе,  Расулов Ашурбег, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе хабар дод.

Номбурда зикр кард, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев ва сармеъмори шаҳри Душанбе низ бо назардошти ниёзи мардум ба ин гуна танӯрҳо, аз ин тасмим ҷонибдорӣ кардаанд. Акнун ба мавҷуд будани се-чор танӯр барои як бинои истиқоматӣ хотима гузошта шуда, минбаъд барои чандин бинои истиқоматӣ як танӯр гузошта хоҳад шуд.

Зимнан зикр гардид, ки ин  нақша баъд аз тахриби иншоотҳои ғайриқонунӣ дар доираи ободонии шаҳраку маҳаллаҳо сурат хоҳад гирифт. Инчунин масъалаи манбаъи сӯзишворӣ барои танӯрҳо низ мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ёдрас мекунем, тахриби танӯрҳои ғайриқонунӣ дар назди биноҳои истиқоматӣ, ки ба талаботу меъёрҳои шаҳрнишинӣ ҷавобгў намебошанд,  бо тасмими шаҳрдории Душанбе чанд соли пеш гирифта шуда,  барои анҷом додани ин амалиёт як комиссияи ҳукуматӣ ташкил карда шудааст.  

spot_imgspot_img

Популярное