Тақдири роҳи оҳани Чин – Эрон тариқи Тоҷикистон дар Теҳрон ҳал мешавад

Нақшаҳои минбаъда оид ба сохтмони роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Тоҷикистон – Афғонистон – Эронро роҳбарони идораҳои нақлиёти 5 кишвар дар шаҳри Теҳрон баррасӣ карданианд. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода зимни нишасти хабарии имрӯза қайд кард, ки нақшаи амалисозии ин лоиҳа марҳила ба марҳила ба иҷро расида, миёни мақомоти дахлдори кишварҳо як қатор гуфтушунидҳо […]

Пайрав Чоршанбиев



Нақшаҳои минбаъда оид ба сохтмони роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Тоҷикистон – Афғонистон – Эронро роҳбарони идораҳои нақлиёти 5 кишвар дар шаҳри Теҳрон баррасӣ карданианд.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода зимни нишасти хабарии имрӯза қайд кард, ки нақшаи амалисозии ин лоиҳа марҳила ба марҳила ба иҷро расида, миёни мақомоти дахлдори кишварҳо як қатор гуфтушунидҳо гузаронида шудааст.

«Баҳси асосӣ миёни кишварҳо сари масъалаи паҳно (бар)-и роҳи оянда сурат гирифта, зимни вохӯрии соли гузашта дар Бишкек тавофуқ ҳосил шуд, ки паҳнои роҳ ба меъёрҳои аврупоӣ мутобиқат хоҳад кард», – изҳор дошт вазир.

Ба гуфтаи ӯ, вохӯрии навбатии роҳбарони идораҳои нақлиёти кишварҳо бояд ояндаи наздик дар Эрон доир гардида, дар он имзои санади дахлдоре дар назар аст, ки бар асоси он омода кардани созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи сохтмони роҳ зарур аст. «Танҳо баъди имзои ин созишнома аз ҷониби ҳукуматҳои 5 кишвар метавон доир ба таҳияи лоиҳа ва ҷустуҷӯи воситаҳо барои амалисозии он ҳарф зад», – изхор намуд ӯ ва илова кард, ки барои амалисозии чунин лоиҳаҳои бузурги минтақавӣ вақт ва воситаҳои зиёд лозим аст.

Ёдрас мекунем, ки масофаи умумии роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Тоҷикистон – Афғонистон – марзи Эрон ба ҳудуди 2 ҳазор километр тӯл мекашад. Масофаи қисмати тоҷикистонии роҳ беш аз 580 километрро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти пешакӣ, барои амалисозии лоиҳаи қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани мазкур беш аз 3,2 млрд. доллари ИМА маблағ зарур аст. Қаблан барои таҳияи санади арзёбии фанниву иқтисодии лоиҳа Эрон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 1 млн. доллари ИМА грант ҷудо карда буд.

«Бо истифода аз ин воситаҳо дар қаламрави Тоҷикистон корҳои муайяни таҳқиқотӣ анҷом дода шуданд, вале бинобар сабаби пурра азхуд шудани воситаҳо, корҳои мазкур боздошта шуданд», – гуфтанд дар вазорат.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио