Ҷаримаи журналистон барои риоя накардани меъёрҳои забони давлатӣ

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода журналистонро огоҳ кард, ки минбаъд барои риоя накардани меъёрҳои истифодаи забони давлатӣ ҷарима хоҳанд супурд. Зимни нишасти хабарӣ ӯ дар ин робита изҳор намуд, ки дар назди кумита комиссияи махсус таъсис дода шудааст, ки мунтазам нашри мавод дар матбуоти чопиву электронӣ ва радиову телевизионро аз […]

Мавзуна Абдуллоева



Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода журналистонро огоҳ кард, ки минбаъд барои риоя накардани меъёрҳои истифодаи забони давлатӣ ҷарима хоҳанд супурд.

Зимни нишасти хабарӣ ӯ дар ин робита изҳор намуд, ки дар назди кумита комиссияи махсус таъсис дода шудааст, ки мунтазам нашри мавод дар матбуоти чопиву электронӣ ва радиову телевизионро аз нигоҳи риояи меъёрҳои забон пайгирӣ мекунад ва дар сурати ошкор шудани қонуншиканиҳо, рӯзноманигорон ҷаримабандӣ мешаванд.

Раиси Кумита аз он нигаронӣ изҳор кард, ки журналистони тоҷик ошкоро ба забони модариашон беэҳтиромӣ зоҳир намуда, дар маводи худ аз калимаҳои нофаҳмои хориҷӣ истифода мекунанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар забони тоҷикӣ синонимҳои ин калимаҳои барои ҳама фаҳмо ба таври кофӣ мавҷуданд.

Номбурда ҳамчунин таъкид дошт, ки ояндаи наздик намояндагони Кумита ҳатман бо журналистон вохӯрда, масъалаи истифодаи дурусти забони давлатиро муфассалтар баррасӣ мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио