Талабагони синфи якум аллакай ба мактаб рафтанд

Дар ҳамаи мактабҳои Тоҷикистон машғулиятҳои омодагӣ барои талабагони синфи якум оғоз гардиданд. Аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки хонандагони синфи якум имсол аллакай аз 1 август паси мизи дарсҳо нишастанд, то ки ба соли аввали хониш омода шаванд. «Машғулиятҳои омодагӣ пеш аз ҳама барои ба ҳамдигар одат кардани кӯдакон ва […]

Меҳрангез Турсунзода



Дар ҳамаи мактабҳои Тоҷикистон машғулиятҳои омодагӣ барои талабагони синфи якум оғоз гардиданд.

Аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки хонандагони синфи якум имсол аллакай аз 1 август паси мизи дарсҳо нишастанд, то ки ба соли аввали хониш омода шаванд.

«Машғулиятҳои омодагӣ пеш аз ҳама барои ба ҳамдигар одат кардани кӯдакон ва омӯзиши тарзи гуфтору рафтор дар мактаб роҳандозӣ мешаванд. Дар бисёре аз муассисаҳои томактабӣ ҷараёни таълим ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашудааст ва бо ин сабаб тасмим гирифта шуд, ки машғулиятҳои омодагӣ гузаронида шаванд, то ки кӯдакон бо омодагии зарурӣ ба мактаб раванд», – гуфтанд дар вазорат.

Мутобиқи барномаи омодагии талабагони сифи якум ба таҳсил, ба кӯдакон қоидаҳои оддии рафтор дар мактабҳо, дуруст нишастан дар мизи дарсӣ, истифода аз ручка ва ғайра омӯзонида шуда, муаллифони барнома бовар доранд, ки ба ин васила вақти ҳам омӯзгорону ҳам толибилмон дар оғози таҳсил сарфа мешавад ва аз синфи якум онҳо бевосита ба таҳсил шурӯъ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, зикр гардид, ки шумори саҳеҳи талабагони синфи якум дар тамоми макотиби таҳсилоти умумии кишвар аввали моҳи сентябр маълум мешавад, вале мактабҳо аллакай ба қабули ҳадди ақал 200 ҳазор нафар талабагони синфи якум дар соли равон омодагӣ мегиранд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио