Парчами Тоҷикистон дар Деҳаи олимпии Рио-2016

Дар як маросими ботантана, ки шаби душанбеи 1 август барпо гардид, дар Деҳаи олимпии Рио-2016 Парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта шуд. Дар ин чорабинӣ ҳамаи 15 нафар аъзои ҳайати олимпии Тоҷикистон, ки дар ҳамин ҳол дар Деҳаи олимпӣ ба сар мебаранд, иштирок карданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар маросими ботантанаи барафрохтани […]



Дар як маросими ботантана, ки шаби душанбеи 1 август барпо гардид, дар Деҳаи олимпии Рио-2016 Парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта шуд. Дар ин чорабинӣ ҳамаи 15 нафар аъзои ҳайати олимпии Тоҷикистон, ки дар ҳамин ҳол дар Деҳаи олимпӣ ба сар мебаранд, иштирок карданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар маросими ботантанаи барафрохтани парчамҳои миллии чаҳор кишвар – Булғористон, Ветнам, Гренада ва Тоҷикистон – нахуст раиси Деҳаи олимпии Рио-де-Жанейро Ҷанет дус Сантус Аркаин, қаҳрамони ҷаҳон ва ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ дар ҳайати мунтахаби Бразилия оид ба баскетбол, суханронӣ кард. Ӯ ҳайатҳои ҳар чор кишварро, ки барои ширкат дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ ба Бразилия омадаанд, хайра мақдам гуфт ва барояшон муваффақият орзу намуд.

Баъдан хонум Аркаин ба раҳбарони ҳайатҳои Булғористон, Ветнам, Гренада ва Тоҷикистон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард. Дар навбати худ аз номи ҳайатҳо ба раиси Деҳаи олимпӣ тӯҳфаҳо эҳдо шуд.

Тӯҳфаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро ба Ҷанет Аркаин котиби генералии КМОТ Баҳрулло Раҷабалиев супурд.

Таҳти садои сурудҳои миллии Булғористон, Ветнам, Гренада ва Тоҷикистон бо навбат парчамҳои миллии ин кишварҳо барафрохта шуданд.

Ҳунарпешагони бразилӣ дар оғозу анҷоми чорабинӣ бо суруду рақсҳои ҷолиби худ ба маросим шукӯҳу шаҳомати хоса бахшиданд.

Бояд гуфт, ки барафрохтани парчамҳои миллӣ дар Деҳаи олимпӣ яке аз чорабиниҳои куҳантарин ва муҳимтарини рамзӣ дар Бозиҳои олимпӣ маҳсуб мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.