С.Аслов ба вохӯрии С5+1 ба Вашингтон рафт

Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Аслов, ки дар сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Индонезия ӯро ҳамроҳӣ карда буд, рӯзи 2 август аз Ҷакарта ҷиҳати иштирок дар вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА (дар шакли С5+1) ба Вашингтон раҳсипор шуд. Вазорати корҳои хориҷии ҶТ дар ин робита хабар медиҳад, […]

ASIA-Plus



Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Аслов, ки дар сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Индонезия ӯро ҳамроҳӣ карда буд, рӯзи 2 август аз Ҷакарта ҷиҳати иштирок дар вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА (дар шакли С5+1) ба Вашингтон раҳсипор шуд.

Вазорати корҳои хориҷии ҶТ дар ин робита хабар медиҳад, ки дар рафти ин мулоқот масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мавриди муҳокимаи ҳайатҳо қарор хоҳанд гирифт.

Бино ба иттилои хабаргузории ТАСС, намояндагони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистону Ӯзбекистон ва ИМА масоили марбут ба таъмини амнияи минтақавӣ, робитаҳои иқтисодӣ, мушкилоти ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим ва ҳамчунин масоили гуманитариро баррасӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, дар вохӯрӣ ҳамчунин атрофи 5 лоиҳаи муштарак, ки баъди мулоқоти Самарқанд (Ӯзбекистон) дар моҳи ноябри соли 2015 аз ҷониби гурӯҳҳои кории С5+1 таҳия шудааст, табодули назар сурат хоҳад гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио