Эмомалӣ Раҳмон ба маросими ифтитоҳи Олимпиадаи Рио намеравад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 3 август пас аз сафари расмӣ ба Индонезия ба Душанбе баргашт, дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро иштирок намекунад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод. Бино ба гуфтаи манбаъ, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ Адҳам Абуллозода низ дар […]

Аваз Юлдошев



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 3 август пас аз сафари расмӣ ба Индонезия ба Душанбе баргашт, дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро иштирок намекунад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод.

Бино ба гуфтаи манбаъ, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ Адҳам Абуллозода низ дар олимпиадаи Рио ҳузур нахоҳад дошт.

Зимнан таъкид шуд, ки рӯзҳои баргузории олимпиада дар Рио дар ҷадвали кории сарвари давлати Тоҷикистон чорабиниҳои зиёде пешбинӣ шудаанд.

Қобили зикр аст, ки соли 2008 Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Пекин ширкат варзида буд. Моҳи июли соли 2012 низ сарвари давлати Тоҷикистон ният дошт, ки дар Бозиҳои олимпии Лондон иштирок кунад, вале ташаннуҷи вазъ он замон дар шаҳри Хоруғ имкон надод, ки сарвари давлат ба хориҷи кишвар равад.

Қаблан

иттилоъ дода будем

, ки дар як маросими ботантана, ки шаби душанбеи 1 август барпо гардид, дар Деҳаи олимпии Рио-2016 Парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта шуд. Дар ин чорабинӣ ҳамаи 15 нафар аъзои ҳайати олимпии Тоҷикистон, ки дар ҳамин ҳол дар Деҳаи олимпӣ ба сар мебаранд, иштирок карданд.

Айни замон паҳлавонони тоҷик Комроншоҳи Устопириён (вазни то 90 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (вазни +100 кг) дар риштаи дзюдо, муштзан Анвар Юнусов (вазни то 60 кг), шиноварон Олим Қурбонов  ва Анастасия Тюрина  (ҳарду дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод), даванда Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) дар Деҳаи олимпӣ бо мураббиёни худ тамрин мекунанд. Гурзандоз Дилшод Назаров, ки ҳамроҳи ду мураббиаш аз Ҷумҳурии Чех тамрин дошт, имрӯз 3 август ба Рио-де-Жанейро меояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.