Суғд: Ҳукми нахуст ба ноболиғ барои даъватҳои ифротгароӣ

Барои даъватҳо ба узвият дар сафҳои созмони террористии Давлати исломӣ бори нахуст дар вилояти Суғд як ноболиғ маҳкум карда шуд. Судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳамзамон раиси мурофиа Нурулло Ашӯрзода ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки барои даъватҳои ифрогароӣ дар шабакаи интернет хонандаи синфи 10-уми яке аз мактабҳои ин ноҳия ба 10,5 соли зиндони низомаш умумӣ […]

Мавлуда Рофиева



Барои даъватҳо ба узвият дар сафҳои созмони террористии Давлати исломӣ бори нахуст дар вилояти Суғд як ноболиғ маҳкум карда шуд.

Судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳамзамон раиси мурофиа Нурулло Ашӯрзода ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки барои даъватҳои ифрогароӣ дар шабакаи интернет хонандаи синфи 10-уми яке аз мактабҳои ин ноҳия ба 10,5 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шудааст.

Ба гуфтаи судя, муайян карда шудааст, ки навраси маҳкумшуда зери номи «Ҳидоятулло» дар сафҳааш дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафҳои ин созмон навори видео ва аксҳои Давлати исломиро интишор намуда, то замони боздошташ шумори корбарони саҳифаи ӯ ба беш аз 1000 нафар расидааст.

«Ҳамчунин муайян карда шуд, ки дар баррасиҳои кушоди саҳифаи наврас даъватҳои оммавӣ ба фаъолияти ифротгароӣ низ ҷой доштанд», – афзуд судя.

Қаблан сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон зимни нишасти хабарӣ

изҳор намуда буд

, ки дар низоъҳои мусаллаҳона дар қаламрави Сурия 394 сокини вилоят ҳузур доранд.

Бино ба иттилои ӯ, тибқи маълумоти фаврӣ, 24 сокини вилоят ҳамсарон ва 44 кӯдаки ноболиғро ҳамроҳи худ ба Сурия бурда, 36 сокини вилоят дар даргириҳои Сурия кушта шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.