Беҳбуди таъмини барқ дар зимистон аз ҳисоби навбати дуюми МБГ Душанбе-2

Дар мавсими тирамоҳу зимистони имсол таъмини аҳолии Тоҷикистон бо нерӯи барқ аз ҳисоби мавриди истифода қарор гирифтани иқтидорҳои нав беҳтар мешавад. Раиси ширкати «Барқи тоҷик» Мирзо Исмоилзода зимни нишасти хабарии рӯзи 2 август дар ин робита изҳор намуд, ки тирамоҳи соли ҷорӣ навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и Душанбе-2 бо иқтидори умумии 300 МВт нерӯи […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар мавсими тирамоҳу зимистони имсол таъмини аҳолии Тоҷикистон бо нерӯи барқ аз ҳисоби мавриди истифода қарор гирифтани иқтидорҳои нав беҳтар мешавад.

Раиси ширкати «Барқи тоҷик» Мирзо Исмоилзода зимни нишасти хабарии рӯзи 2 август дар ин робита изҳор намуд, ки тирамоҳи соли ҷорӣ навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и Душанбе-2 бо иқтидори умумии 300 МВт нерӯи барқ ва 157 гигакалорий гармӣ ба истифода дода шуда, ба ин васила таъмини аҳолӣ бо нерӯӣ барқ беҳтар мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Исмоилзода таъкид дошт, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани иқтидорҳои нав, ҳамасола аз ҳисоби таъсиси корхонаҳои нав ва афзоиши шумори аҳолӣ шумори истеъмолгарони нерӯи барқ низ меафзояд.

Бино ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар МБГ «Душанбе-2» 7 млн. кВт/соат дар як шабонарӯзро ташкил дода, ғайр аз ин, дар марказ аз ҳисоби истеҳсоли гармӣ низ боз ҳудуди 300 млн. кВт/соат нерӯи барқро дар мавсим сарфа карданианд: қисмате аз бино ва манзилҳои пойтахт зимистон аз ин марказ бо гармӣ таъмину шуда, дигар барои гармӣ нерӯи барқ истифода намешавад.

Қобили зикр аст, ки дар давраи аз ҳама сардтарини мавсими тирамоҳу зимистон дар шаҳри Душанбе то 14 млн. кВт/соат нерӯи барқ истифода мешавад.

Бевосита амалисозии лоиҳаи сохтмони навбати дуюми МБГ Душанбе-2 моҳи апрели соли гузашта аз ҷониби ширкати Tabian Apparatus Co. (Tbea)-и Чин оғоз гардид. Навбати аввали МБГ Душанбе-2 бо иқтидори 100 МВт моҳи январи соли 2014 мавриди истифода қарор гирифт. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.