Тоҷикистон ба рӯйхати се кишваре, ки дорои сатҳи хатари зиёди маблағгузорӣ ба терроризм ва пулшӯӣ мебошанд, шомил гардид.
Дар рейтинги нав оид ба арзёбии хавфу хатарҳои пулшӯӣ ва маблағгузорӣ ба терроризм (
Basel AML Index 2016
), ки аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи идоракунии Базел таҳия шудааст, Тоҷикистон бо индекси 8.12 дар мақоми сеюм қарор гирифтааст. Зинаҳои аввалу дуюмро кишварҳои форсизабон – Эрон (индекс – 8.61) ва Афғонистон (индекс 8.51) ишғол кардаанд.
Ба даҳгонаи кишварҳои дорои сатҳи баланди хатарӣ пулшӯӣ ва маблағгузорӣ ба терроризм кишварҳое чун Уганда, Гвинея-Биссау, Камбоҷа, Мозамбик, Мали, Судон ва Мянма дохил шуда, соли равон дар ин рейтинг 149 кишвар ҳузур доранд.
Сатҳи бештар пасттарини хатарӣ пулшӯӣ ва маблағгузорӣ ба терроризмро муаллифон ба кишварҳое чун Финландия (ҷойи 149-ум), Латвия (148-ум) ва Эстония (147-ум) нисбат додаанд.
Кишварҳои ба Тоҷикистон ҳамсояи Ӯзбекистон ва Қирғизистон мутаносибан зинаҳои 101 ва 60-ум ва Қазоқистон мақоми 71-умро касб кардааст.





