Густариши ҳамкориҳои ИМА бо кишварҳои Осиёи Марказӣ

Вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар суханронии худ дар нишасти гурӯҳи “С5+1” гуфт, ки ҳузури ИМА дар иқтисоди Осиёи Марказӣ дар пешрафти иқтисод ва суботи минтақа самҳгузор хоҳад шуд. Мулоқоти гурӯҳи мавсум ба “С5+1” рӯзи 3 август дар шаҳри Вашингтон бо пазироии котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ баргузор шуд. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ , […]

Радиои Озодӣ



Вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар суханронии худ дар нишасти гурӯҳи “С5+1” гуфт, ки ҳузури ИМА дар иқтисоди Осиёи Марказӣ дар пешрафти иқтисод ва суботи минтақа самҳгузор хоҳад шуд. Мулоқоти гурӯҳи мавсум ба “С5+1” рӯзи 3 август дар шаҳри Вашингтон бо пазироии котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ баргузор шуд.

Бино ба иттилои

Радиои Озодӣ

, Сироҷиддин Аслов дар суханронии худ гуфтааст: “Тоҷикистон мутмаин аст, ки ҳамоиши ин кишвар дар гурӯҳи “С5+1”ба мо имконият медиҳад, ки самтҳои нави ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА-ро боз кунем”.

Нишасти гурӯҳи “С5+1” масоили ҳамкориҳои наздики ИМА бо панҷ ҷумҳурии минтақа – Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбакистон ва Туркманистонро ба баррасӣ гирифтааст. Ҷон Керрӣ дар оғози нишаст ҳамтоёнашро аз Осиёи Марказӣ ба ҳамкориҳои бештар дар муборизаи муштарак зидди терроризм ва ҳам ташвиқи рушди иқтисодӣ дар минтақа даъват кард.

Котиби давлатии ИМА гуфт, Иёлоти Муттаҳида масъулияти иҷрои як қатор лоиҳаҳоро дар ОМ бар зимма гирифтааст ва онҳоро то охир анҷом хоҳад дод. Керрӣ зимни суханрониаш изҳор дошт, ки ҳукумати ИМА барои тақвияти ҳамкориҳо дар самти мубориза бо терроризм, савдо ва нақлиёт мусоидат намуда, ба афзоиши лоиҳаҳои энергетикии аз нигоҳи экологӣ тоза 15 миллион доллар ҷудо кардааст.

Вай қайд кард, ки Иёлоти Муттаҳида бе дудилагӣ аз соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва истиқлолияти ҳар як кишвари ОМ ҳимоят менамояд. Котиби давлатии ИМА ҳамчунин ба мушкилоти ҳуқуқи инсон дар кишварҳо, ки Вашингтонро нигарон кардааст, таваҷҷуҳ зоҳир кард.

Керрӣ гуфт: “Умедворем, ки имрӯз аз роҳи ташаббусҳои нави минтақавӣ дар масоили мубориза бо терроризм, рушди иқтисодӣ ва энержии пок ба пешравие даст меёбем. Яке аз барномаҳо – шурӯи музокирот дар чаҳорчӯби форуми ҷаҳонии зиддитеррористӣ аст, ки барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мубориза бо ифротгароӣ ва коҳиши таҳдидҳои ҷангиёни хориҷӣ мусоидат кунад”.

Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки ИМА талош дорад дар муқобили ҳузур ва нуфузи афзояндаи Русияву Чин, инчунин хатарҳои афзоянда аз бесуботиҳои сиёсӣ ва терроризми исломӣ нақши худро дар минтақа бозбинӣ кунад. Ҳамаи панҷ ҷумҳурӣ бо Маскав таърихан равобити наздик доранд. Айни замон, ҳамаи онҳо аз ҷониби Русия ишғол шудани нимҷазираи Қрим дар соли 2014 ва шурӯи низоъҳо дар шарқи Украинаро бо асабоният мушоҳида мекарданд.

Дар оғози нишаст Керрӣ гуфт, ки музокироти Вашингтон на танҳо атрофи масъалаи тундгароиву хушунат ва иқтисод баҳс мекунад, балки хатарҳои муҳитзистиро низ матраҳ хоҳад кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио