Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд нисбати марги Рамазон Забиров, сокини рустои Тӯдаи Ҳисор ва сарбози нирӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ду нафар сарбози қисми ҳарбии мазкурро ҳамчун гумонбар ва айбдоршаванда дастгир намудааст.
Тавре сухангӯи Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев иттилоъ дод, аз тарафи прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд, корҳои таҳқиқӣ ва тафтишотӣ идома дорад. Феълан нисбати ин ду сарбози боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ оғоз нагардидааст, зеро агар сабаби марги Забиров Р.З., аз лату кӯби ин ду сарбоз тасдиқ шавад, сипас нисбати онҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз мегардад.
Ба гуфтаи Муҳаммад Улуғхоҷаев, ҳоло қазоват кардан дар бораи марги Рамазон Забиров барвақт аст ва бояд то муайян шудани хулосаи ташхисгарон мунтазир монд. Ба хотири мушаххас кардани сабаби аслии марги сарбоз ҳамаи санадҳои лозима дастрас шуда истодаанд. Тафтиш оиди фавти сарбоз идома дорад ва бо ворид шудани маълумотҳо тоза падару модари сарбоз хабардор карда мешаванд», – гуфт ӯ.
Субҳи 5 августи соли 2016 ҳангоми бархестани ҳайати шахсӣ аз хоб, маълум мегардад, ки сарбози қатори Забиров Рамазон Зокирович нафас намекашад ва баъдан маълум карда шуд, ки сарбоз вафот кардааст.
Худи ҳамон рӯз оиди фавти сарбози қаторӣ Забиров Р.З., комиссияи махсус бо сарварии Прокурори ҳарбии гарнизони Суғд (дар ҳайати 8 нафар), Сардори раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд ва афсарони масъули РҚС КДАМ ҶТ (дар ҳайати 10 нафар) барои аниқ намудани ҳолати фавти сарбози қаторӣ ташкил карда шуд. Баъдан 6 августи соли 2016 баъд аз гузаронидани экспертизаи судии ҳарбии тиббӣ, часади сарбоз ба волидайнаш ба деҳаи Тӯда, ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор бурда дода шуд. Пас аз ду рӯз 7 август ҷасади Рамазон Забиров дар зодгоҳаш деҳаи Тӯдаи шаҳри Ҳисор ба хок супурда шуд. Ба гуфтаи волидайни сарбоз, ӯ дар натиҷаи аз лату кӯб ба халокат расидааст.
Ёдовар мешавем, ки сарбози қаторӣ Забиров Рамазон Зокирович баҳори соли 2016 аз тарафи Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, барои идома додани хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Отряди сарҳадии «Истаравшан» фиристода шуда буд, ки дар онҷо хизмати Модар-Ватанро сарбаландона пеш мебурд.





