Афзудани шумори ғарқшудагон дар Тоҷикистон (чандрасонаӣ)

Масъулон ҳарорати баланди ҳаво ва риоя нашудани қоидаҳои оббозиро сабабҳои аслии афзоиши теъдоди ғарқшудагон арзёбӣ мекунанд. Нозири «Кӯли ҷавонон»-и шаҳри Душанбе Алишер Азизов изҳор медорад, ки кӯдакону наврасон ба суханонаш беэътиноӣ зоҳир карда, дар ҷойҳои хавфнок оббозӣ мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, маҳз чунин худбоварию беэҳтиётии ҷавонон ва аз назорати волидайн дур мондани онҳо ба ҳодисаҳои […]

Парвиз ТУРСУНЗОДА, махсус барои ASIA-Plus

Масъулон ҳарорати баланди ҳаво ва риоя нашудани қоидаҳои оббозиро сабабҳои аслии афзоиши теъдоди ғарқшудагон арзёбӣ мекунанд.

Нозири «Кӯли ҷавонон»-и шаҳри Душанбе Алишер Азизов изҳор медорад, ки кӯдакону наврасон ба суханонаш беэътиноӣ зоҳир карда, дар ҷойҳои хавфнок оббозӣ мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, маҳз чунин худбоварию беэҳтиётии ҷавонон ва аз назорати волидайн дур мондани онҳо ба ҳодисаҳои нохуш сабаб мешавад. Вай афзуд: «Борҳо таъкид мекунем, ки аз як соҳил ба соҳили дигар шино карда нагузаред, аммо онҳо моро гӯш намекунанд. Чанд маротиба шоҳиди ғарқ шудани наврасон дар байни кӯл гардидем ва онҳоро наҷот додем. Аммо ҳолате буд, ки аз се навраси ғарқшуда як нафараш фавтид».

https://www.youtube.com/watch?v=rwIrqpf1nsw

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар бархе аз кӯлу ҳавзҳои шаҳри Душанбе ҷойи оббозии кӯдакону наврасон муайян нашудааст ва хатари ғарқшавӣ ба онҳо таҳдид мекунад. Мисоли равшан «Кӯли ҷавонон» аст, ки ба талаботи оббозии кӯдакон ҷавобгӯй набуда, нишонаҳои огоҳкунандаи хатар дар ягон гӯшаи он ба чашм намерасад. Хурду бузург дар як мавзеъ шино мекунанд.

Гар шиновар нестӣ…

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ (КҲФМГ), агар дар шашмоҳаи аввали соли 2015 дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон 54 нафар ғарқ шуда бошад, ин рақам дар соли равон 61 нафарро ташкил додааст.

Риоя накардани қоидаҳои оббозӣ, беэҳтиётӣ ва лағжидан ба об, худкушӣ, садамаҳои автомобилӣ, шиноварӣ дар ҳолати мастӣ ва беназоратӣ аз сабабҳои аслии афзоиши омори ғарқшудагон арзёбӣ гардида, бархе ҳангоми моҳигирӣ ва чӯпонӣ ғарқ шудаанд.

Ҷамшед Камолов , сардори Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди КҲФМГ изҳор дошт, ки ҳамасола аз тарафи кумита дар иншоотҳои обии ҷумҳурӣ чорабиниву корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд. Ҳамзамон бехатарӣ ва омодагии ҳамаи кӯлҳо барои мавсими оббозӣ санҷида шуда, барои беҳтар кардани шароити оббозӣ тавсияҳо пешниҳод мешаванд. «Мо дар мавзеъҳое, ки сокинон бештар ғарқ мешаванд, таҳлил гузаронда, минтақаҳои хавфнокро муайян мекунем ва дар он ҷо лавҳаҳои огоҳкунанда мегузорем. Аммо соҳили ҳама кӯлу рӯдҳои ҷумҳуриро фаро гирифтан ғайриимкон аст», – гуфт ӯ.

Нигаронии масъулон аз он аст, ки сокинон ба огоҳии онҳо эътибор надода, дар ҷойҳои хавфноку манъшуда оббозӣ мекунанд ва ҷони худро дар хатар мегузоранд.

Камолов афзуд, ки дастаҳои зудамали онҳо барои наҷоти шаҳрвандон дар мавсими ҷорӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Ба гуфтаи ӯ, соли равон 44 нафар бо роҳҳои гуногун аз ғарқшавӣ наҷот дода шуданд.

Афзоиши худкушӣ

 

Омор нишон медиҳад, ки ҳолатҳои худғарқкунӣ дар ҷумҳурӣ афзудааст. Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 15 нафар бо ин усул даст ба худкушӣ задаанд. Ин рақам нисбат ба соли гузашта 10 нафар зиёд аст. Аз ин миён ду ҳолат – амали ҷавонзани 25-солаи шаҳри Норак, ки худ ва 4 фарзандашро ба дарёи Вахш афканд, инчунин суиқасди зани 32-сола, ки худро бо се кӯдакаш ба канали Ҳисор партофт, ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод.

«Эҳтиёт – ними ҳаёт!»

Тавре аз гуфтаи масъулон бармеояд, аксари ғарқшудагон худ сабабгори маргашон ҳастанд. Аз ин рӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки дар мавсими оббозӣ аз эҳтиёт кор гирифта, худро аз хатари ғарқшавӣ дар кӯлу дарёҳо эмин доранд.

Коршиносон барои пешгирии ғарқшавии кӯдакону наврасон бунёди ҳавзҳои махсуси шиноварӣ барои омӯхтани оббозиро муҳим мешуморанд.

 

Ҳамчунин ба хурдсолон омӯзондани маҳорати шиноварӣ дар кӯдакистону мактабҳо зарур дониста мешавад.

https://www.youtube.com/watch?v=-wKyHIN1GeA

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.