Оғози ҳаракати қатораҳо тариқи хатсайри Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб



Бори нахуст дар Тоҷикистон ҳаракати қатораҳо тариқи хатсайрҳои Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб ва Душанбе-Қӯрғонтеппа-Хушодӣ шурӯъ мешавад.

Хабаргузории

TojNews

бо истинод ба дафтари матбуоти КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” менавиисад, қатораҳо  аз Душанбе рӯзҳои якшанбе ва панҷшанбе соати 8-00, аз Кӯлоб рӯзҳои душанбе ва ҷумъа соати 8-00 ва аз Хушодӣ рӯзҳои душанбе ва ҷумъа соати 8-50 ҳаракат хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, дар роҳкирои қатораҳои мазкур 50% тахфиф (кам карлдани нарх) пешниҳод карда шуда, инчунин ба мусофирон барои ройгон кашонидани то 40 кг бори дастӣ иҷозат дода мешавад.

Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон ҳамчунин эълон кардааст, ки дар ин масир қатораҳои боркаши роҳи оҳани Тоҷикистон барои бо нархҳои нисбатан арзон кашонидани маҳсулоти мавриди ниёзи аҳолӣ омода мебошанд.

spot_imgspot_img

Популярное