Баррасии масъалаи амнияти сейсмикии Осиёи Марказӣ дар Душанбе

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташкил намудани гуфтугӯи озод ва табодули назар байни олимон, мутахассисон ва ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба амнияти сейсмикӣ дар Осиёи Марказӣ аз 25 то 27 август 2016 Конфронси байналмилалии илмию амалиро дар мавзўи «Амнияти сейсмикӣ дар Осиёи Марказӣ» баргузор менамояд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» , дар конфронс масъалаҳои амнияти […]

АМИТ «Ховар»



Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташкил намудани гуфтугӯи озод ва табодули назар байни олимон, мутахассисон ва ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба амнияти сейсмикӣ дар Осиёи Марказӣ аз 25 то 27 август 2016 Конфронси байналмилалии илмию амалиро дар мавзўи «Амнияти сейсмикӣ дар Осиёи Марказӣ» баргузор менамояд.

Бино ба иттилои

АМИТ «Ховар»

, дар конфронс масъалаҳои амнияти сейсмикии сарбандҳои нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ, гузаронидани мониторинги сейсмикӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ, муттаҳид намудани неруи сейсмологҳои минтақа ҷиҳати паст намудани хатари заминларзаҳо дар кишварҳои ҳамҷавор, дурнамои таъсиси низоми ягонаи мушоҳидаҳои сейсмологии Осиёи Марказӣ, ҷалби донорҳои байналмилалӣ ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба амнияти сейсмикӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Инчунин дар Конфронс доир ба бехатарии сохтмонҳои иҷтимоӣ, шаҳрсозӣ нисбат ба заминларза ва то ҳадди имкон кам намудани хавфи онҳо ва таъмини амнияти сейсмикӣ ҳангоми банақшагирии сохтмонҳо дар шаҳрҳо (махсусан шаҳрҳои калон) табодули назар карда мешавад.

Ҳамчунин дар кори конфронс ташкил намудани намоишгоҳи технологияҳои нав дар ин самт ва натиҷаҳои корҳои илмии олимони тоҷик дар соҳаи сейсмология ба нақша гирифта шудааст.

Дар кори конфронс беш аз 30 нафар олимони шинохтаи соҳаи сейсмология аз 16 кишвари дунё иштирок хоҳанд кард.

Дар ҷамъбасти кори конфронс Баёнияи иштирокдорони он қабул карда мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.