Ҷанҷоли аробакашу донишҷӯ бо куштор анҷом ёфт

Ҷанҷоли як ҷавони аробакаш ва як донишҷӯ, ки бо куштор анҷом ёфт, мавзӯи нобаробарии иҷтимоиро дар маҳаллаи 65-уми ноҳияи Фирдавсии пойтахт доғ кардааст. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ , волидони Сорбон Иброҳимови 24-сола гуфтаанд, сабаби аслии марги писарашон ба эҳтимоли қавӣ ҳасудии ҷавони ҳамсоя ба зиндагиву имконияти писари онҳо будааст. Сорбон рӯзи 19-уми август дар […]

Радиои Озодӣ



Ҷанҷоли як ҷавони аробакаш ва як донишҷӯ, ки бо куштор анҷом ёфт, мавзӯи нобаробарии иҷтимоиро дар маҳаллаи 65-уми ноҳияи Фирдавсии пойтахт доғ кардааст.

Бино ба иттилои

Радиои Озодӣ

, волидони Сорбон Иброҳимови 24-сола гуфтаанд, сабаби аслии марги писарашон ба эҳтимоли қавӣ ҳасудии ҷавони ҳамсоя ба зиндагиву имконияти писари онҳо будааст. Сорбон рӯзи 19-уми август дар пайи як баҳс бо Кароматулло Сафарови 32-сола, ки дар як бино ва як даромадгоҳ бо ӯ зиндагӣ мекард, аз чаҳор зарби корд ба қатл расидааст.

Падару модари Сорбон мегӯянд, онҳо ҳамеша ба он талош мекарданд, ки фарзандонашон соҳибмаълумот ва аз ҳама имкониятҳо бархӯрдор бошанд. Дар шароите ки Кароматулло тамоми рӯзро бо аробакашӣ ва бо пули ночиз сипарӣ мекард, ҳамсояи як ошёна болотари ӯ Сорбон танҳо дар фикри таҳсил ва истироҳату варзиш буд. Волидони Сорбон ҳоло ҳадс мезананд, ки эҳтимол ҳамин нобаробарӣ ва имкониятҳои хуби писарашон боис ба марги ӯ шудааст.

Сорбон Иброҳимов дар соли чоруми факултаи дорусозии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил мекард ва чанд моҳи охир ба маршировкаи ҳарбӣ ҷалб шуда буд. Барно Маллабоева, модари Сорбон, мегӯяд, писараш ҳар рӯз аз машқ соати 11-и шаб ба хона бармегашт, аммо он рӯз дар пайи занги ҷавони ҳамсояаш соати 8 аз машқ баромад ва мавриди ҳамла қарор гирифтааст.

“Вақте ба назди хона мерасад, бо Кароматулло ва ҳамроҳони ӯ аввал дар назди бозорчаи маҳаллаи 65 “разбор” мекунанд ва баъдан ба паскӯчае омада, се нафар Сорбонро латту кӯб карда, як корд ба паси гардан ва чор корди дигар ба пушташ мезананд. Аз ин ҳодиса ҳама хабардор шудаанд, аммо ман не. Як кӯдак омада ба мо хабар дод, ки Сорбонро касе зада гурхестааст,” – афзуд ӯ.

Кароматулло Сафарови 32-сола бо гумони қатли ҳамсояи худ боздошт шудааст. Кароматулло дар ҷое таҳсил накардааст ва баъди хизмат дар артиш дар бозори “Саховат” аробакашӣ мекард. Модари Сорбон мегӯяд, Кароматулло дар ҳолатҳои зарурӣ аз Сорбон пул мепурсидааст. Ба шуниди модар бори охир дар пайи чунин пулпурсӣ Сорбон ҳам гуфтааст, ӯ донишҷӯ аст ва наметавонад ҳар бор ба ӯ пул диҳад. Сорбон ба ӯ гӯё гуфтаст, ки “ту марди калонӣ, худат рафта кор кун”.

Дар пайи ин ҳодиса хонаводаи Кароматулло аз модари Сорбон узр пурсида муваққатан аз бино кӯчидаанд. Ҳоло аз Кароматулло дар ин бино фақат як ароба боқӣ мондааст. Гулнора Сафарова, модари Кароматулло дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, аз ин ҳодиса нигарон аст, чун Сорбонро мисли писараш дӯст медошт. Ин модар иддао дорад, ки писараш баъди хизмати ҳарбӣ ба бемории руҳӣ гирифтор шуда, гоҳ-гоҳ дар хона ҳам асабонияташ боло мешуд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Айниддин Исмоилов, падари Сорбон, додари Кароматулло ҳангоми бозпурсии пулис иқрор кардааст, ки бародараш як ҳафта пеш аз нақшаи куштори Сорбонро кашида буд. “Аммо додараш насиҳат кардааст, ки ин корро накунад, чунки Сорбон ҳамсояи онҳост. Шояд аз ин гап тамоми хонаводаашон медонистанд, вале як бор ба мо нагуфтанд,” – гуфт падари Сорбон.

Аз Вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, ин ҳодиса пас аз чанд лаҳзаи рух доданаш аз сӯи пулис сабт шуда, нисбат ба Кароматулло Сафаров бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст. Ин моддаи Кодекси ҷиноӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 8 то 15 соли маҳрумият аз озодиро дар назар дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.