Анонс
– Соати 18:00 гурзандози маъруфи тоҷик, чемпиони Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро Дилшод Назаров тариқи хатсайри ҳавоӣ аз Маскав ба Душанбе меояд;
– Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи «Амнияти сейсмикӣ дар Осиёи Марказӣ» ба кори худ идома медиҳад;
– Дар маркази таълимии Бонки миллӣ дар соҳили обанбори Қайроққум соати 10-30 дақиқа нишасти хабарии қабл аз вохӯриии дӯстонаи мунтахабҳои футболи Тоҷикистону Сурия (27 август) доир мегардад.
Қ
урби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1
доллари ИМА –
7.8688
сомонӣ;
1
евро –
8.8807
сомонӣ;
1
рубли русӣ
– 0.1
185
сомонӣ.
Як р
ӯ
зи таърих
Рӯзи ангиштканон
1964
— Дар Душанбе консерти ансамбли «Гулшан», нахустин ансамбли эстрадӣ дар ҷумҳурӣ доир гардид.
1995
— Дар Душанбе истеҳсоли нахустин дорувориҳои корхонаи муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон оғоз шуд.
2007
— Дар Панҷи Поён (ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон) маросими ифтитоҳи пул аз болои дарёи Панҷ баргузор шуд.
2008
— Дар доираи таҷлили ҷашни 1150-солагии асосгузори адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими пуршукӯҳи ифтитоҳи маҷмааи «Боғи устод Рӯдакӣ» баъди таъмиру азнавсозӣ доир гардид.
2011
— Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани роҳи мошингарди Душанбе – Рашт – Ҷиргатол – Саритош иштирок кард.
2014
— Дар Бишкек ҷаласаи ҳайатҳои ҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатии кишварҳо доир гардида, ҷонибҳо дар бораи сохтмони роҳҳо ба мувофиқа расиданд.
1902-1982
– Зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сергей Баласанян.
1933
– Мавлуди таърихшинос, Арбоби шоистаи илму техникаи Тоҷикистон Имомназар Келдиев.
1937
– Зодрӯзи математик, профессор Зафар Усмонов.
1949
– Мавлуди актрисаи театру кино Дилбар Умарова.
1963
– Зодрӯзи доктори улуми фалсафа Хуршедҷон Зиёев.
Вазъи обуҳаво
Дар вилояти Суғд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +22+27.
Дар вилояти Хатлон
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +14+19, рӯзона +30+35.
Дар Вилояти Мухтори К
ӯ
ҳистони Бадахшон
— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар ғарб шабона +10+15, рӯзона +27+32; дар шарқ шабона +1+6, рӯзона +14+19.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +27+32.
Дар шаҳри Душанбе
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +37+39.
Дар шаҳри Ху
ҷ
анд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +36+38.
Дар шаҳри Қ
ӯ
рғонтеппа
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +37+39.
Дар шаҳри Хоруғ
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +30+32.


