Шӯрои уламо санаи дақиқи Иди Қурбонро муайян кард

Date:

Чун дар аксари кишварҳои мусулмонии саросари ҷаҳон сокинони Тоҷикистон имсол Иди Қурбонро санаи 12 сентябр ҷашн мегиранд.

Аз Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки тибқиҳисобу китоб мувофиқи тақвими солшумории қамарӣ дар ҳамдастӣ бо олимони Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон муайян шудааст, ки соли ҷорӣ Иди Қурбон дар кишвар ба рӯзи 12 сентябр рост меояд. Вақти баргузоршавии намози иди Қурбон дар қаламрави кишвар соати  7.00 муайян карда шудааст.

Маъмулан, дар ин рӯз субҳи зуд кӯдакон бо табрикоти ид ба хонаҳо омада, идона мегиранд. Рӯзи ид пас аз адои намози ид мардум ба дидори хешу ақрабо ва барои дуову фотеҳа сари мазори гузаштагони худ мераванд. Баҳри пешвози меҳмонон дар хонаводаҳо дастурхони идона ороста мешавад.

Иди Қурбон идест, ки онро ҳамасола мусалмонони ҷаҳон дар рӯзи 10-уми Зулҳиҷҷа пас аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр ҷашн мегиранд. Ашхоси тавонманд дар ин рӯз, тибқи расми ин ойини мазҳабӣ, гӯсфанд қурбонӣ карда, ба ҳамсояҳои камбизоат ва мардуми дастнигар либосворӣ ва ё пулу маводи ғизоӣ кумак мекунанд.

Дар Иди Қурбон мусалмонони ҷаҳон ба сафари ҳаҷ рафта, зиёрати Хонаи худоро ба ҷо меоранд.

Мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид», Иди Қурбон дар кишвар рӯзи истироҳат эълон шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...