Таваҷҷуҳи Палатаи ҳисоби Русия ба даромади нерӯгоҳи Сангтӯда-1

Палатаи ҳисоби Русия натиҷаҳои санҷиши риояи созишномаҳои давлатӣ дар бораи сохтмон ва мавриди истифодаи нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1-ро ба нашр расонид. Дар ин ҳисобот гуфта мешавад, “шартҳои асосии созишнома иҷро нагардида, харидории нерӯи барқ аз 60-70%-и пешбинишуда мутобиқи қарордод бо ширкати “Барқи тоҷик”-ро ташкил медиҳанд. “Маблағҳо барои нерӯи барқи дастрасшударо ширкат мунтазам ва дар ҳаҷми […]

Asia-Plus

Палатаи ҳисоби Русия натиҷаҳои санҷиши риояи созишномаҳои давлатӣ дар бораи сохтмон ва мавриди истифодаи нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1-ро ба нашр расонид.

Дар ин ҳисобот гуфта мешавад, “шартҳои асосии созишнома иҷро нагардида, харидории нерӯи барқ аз 60-70%-и пешбинишуда мутобиқи қарордод бо ширкати “Барқи тоҷик”-ро ташкил медиҳанд.

“Маблағҳо барои нерӯи барқи дастрасшударо ширкат мунтазам ва дар ҳаҷми пурра пардохт намекунад: ба санаи 1 октябри соли 2015 қарз 496,7 млн. сомониро ташкил дода (ҳудуди 20% аз ҳамаи сармоягузориҳои Русия ба лоиҳа), ҳамчунин содироти нерӯи барқ ба хориҷи кишвар, ки дар Созишнома ба он кафолат дода шудааст,низ таъмин карда намешавад”, – омадааст дар ҳисобот.

Бино ба маълумоти ҶСК “НБО Сангтӯда-1”, ба санаи 2 сентябри соли ҷорӣ қарзи “Барқи тоҷик” ба нерӯгоҳ беш аз 624 млн. сомонӣ (ҳудуди 80 млн. $)-ро ташкил медиҳад. Аз оғози соли равон бошад, ҳаҷми қарзи ширкат ба нерӯгоҳ 184 млн. сомонӣ афзудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.