Ҳукми 23 соли зиндон барои суиқасд ба ҷони хоҳари ҳамсар

Бо ҳукми Суди олии Тоҷикистон сокини шаҳри Турсунзода Азимҷон Изотмандов барои кӯшиши қатли хоҳари ҳамсараш ба 23 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, Изотмандов А.А. барои он айбдор карда шудааст, ки бо роҳи фиреб ба боварии хоҳари ҳамсараш Мелиқузиева Ф. Т., даромада, бо ваъдаи ҷудо карда додани […]

Asia-Plus

Бо ҳукми Суди олии Тоҷикистон сокини шаҳри Турсунзода Азимҷон Изотмандов барои кӯшиши қатли хоҳари ҳамсараш ба 23 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, Изотмандов А.А. барои он айбдор карда шудааст, ки бо роҳи фиреб ба боварии хоҳари ҳамсараш

Мелиқузиева Ф. Т., даромада, бо ваъдаи ҷудо карда додани 0,03 га қитъаи замин 15 ҳазору 300 сомонӣ маблағҳои номбурдаро тасарруф намуда, бо мақсади барнагардонидани ин маблағ, қасди куштор ва бо роҳи ҳуҷум тасарруф намудани амволи шахсии номбурдаро кардааст.

Гуфта мешавад, бо ин мақсад Изотмандов А.А. 25 апрели соли 2016 дар манзили истиқоматии Мелиқузиева С.Т., воқеъ дар суроғаи шаҳри Турсунзода бо корд ба номбурда ҳамла намуда, бо расонидани зарбаҳои сершумор ба ў  ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонидааст. Номбурда Мелиқузиеваи аз ҳуш рафтаро фавтида пиндошта, молу мулки шахсии ўро  ба маблағи 5 ҳазору 245 сомонӣтасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дар натиҷаи ин амалҳои ғайриқонунии ИзотмандовА.А. ба ҷабрдида МеликузиеваС.Т. зарари вазнин ба саломатӣ ва зарари махсусан калони моддӣ расонида шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.