Беҳтарин мақомот, шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот ва оилаи Тоҷикистон

Дар Душанбе рӯзи 6 сентябр даври ниҳоии Мусобиқаи ҷумҳуриявии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  барои беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳалла, хона ва оилаи намунавӣ, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи 24 феврали  […]

АМИТ «Ховар»

Дар Душанбе рӯзи 6 сентябр даври ниҳоии Мусобиқаи ҷумҳуриявии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  барои беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳалла, хона ва оилаи намунавӣ, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи 24 феврали  соли равон  идома эълон шуда буд,  ҷамъбаст гардид.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», Дар расми мукофотсупорӣ ба ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ муовини Сарвазири мамлакат, Раиси Комиссияи Мусобиқа Азим Иброҳим  изҳор дошт, ки дар маҷмўъ наздик  ба 412 ҳазор оила аз 300  ҳазор  хонавода,  4144  деҳа, 370 деҳот, 57 шаҳрак, 52 ноҳия, 16 шаҳр, 3 вилоят ва 60 мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ дар Мусобиқа иштирок намуда, аз ҷониби комиссияҳо тибқи варақаҳои арзёбӣ  баҳогузорӣ гардидаанд.

Ба ғолибони Мусобиқа аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷоиза, нишони хотиравӣ ва мукофотҳои пулӣ тақдим карда шуд.

Зимни супоридани  ҷоиза, нишони хотиравӣ ва мукофотҳои пулӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки озмуну мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ яке аз омилҳои муҳими шарикии байни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб рафта, бо ин васила сокинони кишвар аз дастовард ва мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳо огаҳии бештар пайдо менамоянд. Тавре гуфта шуд, иштироки фаъоли ҷомеаи мамлакат дар ин мусобиқа бори дигар ҷонибдорию пуштибонии сокинони мамлакатро аз сиёсати бунёдкоронаю созандаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит намуд.

Ҳамин тариқ, дар ҷамбасти  ин мусобиқа 35 нафар ғолибон бо Шоҳҷоизаи “Ҷоми Ҷамшед”, Шоҳҷоизаи “Ҷоми Истиқлолият”, нишонҳои хотиравӣ, шаҳодатномаҳо ва мукофотҳои пулӣ  сарфароз гардонида шуданд.

Дар ин мусобиқа мувофиқи шартҳои пешбинишуда  Вазорати корҳои  хориҷӣ, вилояти  Хатлон,  шаҳри  Хуҷанд, ноҳияи Ёвон, шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара, деҳоти ба номи Абўабдуллоҳи  Рўдакии ноҳияи Восеъ, деҳаи Янгибоғи деҳоти Ҷўра  Раҳмонови шаҳри Турсунзода, маҳаллаи ба номи Маҳмадулло Холови  ноҳияи Исмоили Сомонӣ,  хонаи Рустамов Исмоил дар  шаҳри Норак, ҳамчунин  Оилаи Саъдуллоевҳо дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз беҳтаринҳо эътироф шуда,  бо ҷоиза ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ғолибони ҷойи  якум мувофиқи ҳамин шартҳо Прокуратураи генералӣ,  шаҳри Турсунзода, ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри  Душанбе, шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт, деҳоти Гули сурхи шаҳри Истаравшан, деҳаи Раҳмонободи деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон, маҳаллаи ба номи Исмоили  Сомонии шаҳри Кўлоб, хонаи Шариповҳо аз  ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва оилаи Сафаралӣ Ҳалимов аз  шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Бохтар дониста шуданд.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, шаҳри Қўрғонтеппа, ноҳияи Рўдакӣ, шаҳраки Пролетари ноҳияи  Ҷаббор  Расулов, деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон, деҳаи Ваҳдати деҳоти Фахрободи  ноҳияи  Хуросон, маҳаллаи Зардолузори шаҳри  Панҷакент, хонаи Аброр  Шамуратов аз  деҳоти Ҷиргатоли ноҳияи Лахш ва оилаи Маҷид Олимов аз ноҳияи Спитамен сазовори ҷойҳои дуюм  гардида, шаҳри Хоруғ, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор, деҳаи Диловарони шаҳри Конибодом, маҳаллаи Исмоили Сомонии  шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рўдакӣ, хонаи Нозимҷон Усмонов аз  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва оилаи  Наботбегим Тавакалова аз  шаҳри Хоруғ ҷойҳои сеюмро гирифтанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио