“Cаводнокии молиявӣ”: Хусусиятҳои кортҳои маош дар чист?

“Cаводнокии молиявӣ”: Хусусиятҳои кортҳои маош дар чист? Одамони калонсол маоши худро дар хазинаи ҷои кор мегирифтанд. Мутааcсифона, онҳо интихоби дигар надоштанд. Дар замони муосир ташкилотҳо ва корхонаҳо, новобаста аз шакли моликият, барои пардохти музди меҳнат ба кормандонашон хизматрасониҳои бонкиро интихоб менамоянд. Ин чист? Кортҳои музди меҳнат ё лоиҳаи маош хизматрасонии бонкиест, ки аз он корхонаву […]

Иттилоияи расмӣ

“Cаводнокии молиявӣ”: Хусусиятҳои кортҳои маош дар чист?

Одамони калонсол маоши худро дар хазинаи ҷои кор мегирифтанд. Мутааcсифона, онҳо интихоби дигар надоштанд. Дар замони муосир ташкилотҳо ва корхонаҳо, новобаста аз шакли моликият, барои пардохти музди меҳнат ба кормандонашон хизматрасониҳои бонкиро интихоб менамоянд.

Ин чист? Кортҳои музди меҳнат ё лоиҳаи маош хизматрасонии бонкиест, ки аз он корхонаву ташкилотҳо ва субъектҳои соҳибкорӣ барои ташкили фонди музди меҳнати кормандон истифода мебаранд. 

Он чи гуна кор мекунад? Корфармоён бо бонк, оид ба расонидани хизматрасонӣ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи маош, шартнома мебанданд. Пас аз он, бонк барои ҳар як корманд суратҳисоби бонкӣ кушода, корти мушаххас медиҳад, ки дар он музди меҳнат гузаронида мешавад.

Барои чи лозим аст? Лоиҳаи маош мусоид ва муфид аст, чунки амалиётҳои нақдиро кам карда, навбатистоиро барои гирифтани маошва хароҷоти инкассатсиониро барҳам медиҳад.

Чи вазифаро иҷро мекунад? Аз рӯи вазифа кортҳои бонкие, ки ба мизоҷон дар лоиҳаи маош дода мешаванд, аз дигар кортҳо фарқ надоранд. Корти маошӣ ҳамон корти пластикӣ аст ва ба он корфармо музди меҳнатро мегузаронад.

Афзалиятҳои кортҳои маош.  Якум, хизматрасонӣ барои нақдгардонии маблағи корт ройгон аст ё фоизи хеле паст дорад (сухан дар бораи ҳолатҳое меравад,  ки нақд гардонидани маблағи кортҳо дар банкоматҳо ё посттерминалҳои ҳамин бонк  сурат мегирад).

Дуюм, агар байни корфармо ва бонк шартнома баста шуда бошад, бонк дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи маош, ба соҳибони корт хизматрасонии овердафтро пешниҳод менамояд.

Маълумот: Овердрафт– пешниҳоди маблағи иловагӣ аз тарафи бонк барои муддати кӯтоҳ ба дорандаи корт. Яъне ғайр аз маблағи музди меҳнат, ҳангоми зарурият, маблағи иловагӣ ҳамчун қарзи кӯтоҳмуддат дода мешавд, ки одатан ин маблағ 40% -и маошро ташкил медиҳад.

Сеюм, баъзе бонкҳо барои маблағи зиёдатии мизоҷ, ки дар суратҳисобаш воқеъ аст, бар фоидаи ӯ фоиз зам мекунанд.

Чорум, бо ин корт маҳсулот ва хизматрасониҳоро дар ташкилотҳои фароғативу тиҷоратӣ пардохтан мумкин аст. Чӣ корти низоми маҳаллӣ бошад ва чӣ байналмиллалӣ.

Панҷум, гузаронидани музди меҳнат ба суратҳисоби бонкӣ ҳолатҳои фасод ва пулситониро аз ҷониби хазинадорон ё корфарморо манъ мекунад.

Дар хотир бояд дошт,ки ҳангоми нақд гардондани маблағ бонки Шумо фоиз намегирад. Агар аз хизматрасонии банкомати бонки дигар истифода баред, он гоҳ фоиз дар ҳаҷми аз 0,3% то 1% гирифта мешавад. Ҳаҷми фоиз аз тарофаи дохилии бонк вобаста аст.

Маводҳои рубрикаи “Саводнокии молиявӣ” дар доираи созишномаи ҳамкории муштараки ҶСП “Спитамен Бонк” ва  ҶДММ Агентии Иттиллоотии “Азия-плюс” дар соҳаи баландбардории маълумотнокии молиявии аҳолӣ омода шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.

Муовини сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи БОР дар Самарқанд чӣ гуфт?

Ҳоким Холиқзода гуфт, “Роғун” ба унсури калидии шарикии нави Тоҷикистон ва БОР табдил меёбад