Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Япония дар бахшҳои саноату савдо

Сафири Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ бо президенти Палатаи савдо ва саноати Япония-Токио Тору Ишида дидору гуфтушунид карда, зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба таҳкими ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Япония мубодилаи афкор намуданд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба имконияти ба роҳ мондани ҳамкориҳои мустақим миёни палатаҳои савдо […]

Asia-Plus

Сафири Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ бо президенти Палатаи савдо ва саноати Япония-Токио Тору Ишида дидору гуфтушунид карда, зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба таҳкими ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Япония мубодилаи афкор намуданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба имконияти ба роҳ мондани ҳамкориҳои мустақим миёни палатаҳои савдо ва саноати ду кишвар, сохторҳои соҳавӣ ва соҳибкоронро бо дарназардошти имкониятҳои фаровони мутақобилаи истифоданашуда мавриди баррасӣ қарор доданд.

Гуфта мешавад, сафири Тоҷикистон дар бораи вазъи тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сармоягузории кишвар, рушди мунтазами ин соҳаҳо ва навовариҳо дар фаъолияти соҳибкорӣ маълумот дода, ҷонибҳо таъкид карданд, ки баргузории вохӯриҳо ва чорабиниҳо миёни намояндагони соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистону Япония нақши муассир дар тавсиаи ин самт хоҳанд дошт.

Зикр мегардад, ки Палатаи савдо ва саноати Япония-Токио 515 намояндагиҳои маҳаллӣ дар шаҳру музофотҳои кишвари иқомат дорад ва аъзоёни он беш аз 1,250 миллион нафар соҳибкори хурду миёна ва корхонаҳои япониро ташкил медиҳад. Ин ниҳод бо дигар кишварҳо дар соҳаҳои тиҷорат, кишоварзӣ, технология, сармоягузорӣ ва ғайра фаъолона ҳамкорӣ менамояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер