Иштироки низомиёни тоҷик дар тамринҳои зиддитеррористии СҲШ

Дар минтақаи наздисоҳилии Иссиқ-Кӯл имрӯз размоиши муштараки зиддитеррористи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай «Рисолати сулҳовар-2016» (Мирная миссия»- (Қирғизистон) бо иштироки воҳидҳои низомии Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Чин ва Қирғизистон оғоз мегардад. Бино ба маълумоти Ҳавзаи марказии ҳарбӣ, барои санҷиши омодагии воҳидҳои низомии Русия ба тамринҳо фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия генерал-полковник Владимир Заруднитский ба Қирғизистон омадааст. […]

Asia-Plus

Дар минтақаи наздисоҳилии Иссиқ-Кӯл имрӯз размоиши муштараки зиддитеррористи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай «Рисолати сулҳовар-2016» (Мирная миссия»- (Қирғизистон) бо иштироки воҳидҳои низомии Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Чин ва Қирғизистон оғоз мегардад.

Бино ба маълумоти Ҳавзаи марказии ҳарбӣ, барои санҷиши омодагии воҳидҳои низомии Русия ба тамринҳо фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия генерал-полковник Владимир Заруднитский ба Қирғизистон омадааст.

Қаблан аз вилоятҳои Челябинск ва Новосибирск ҳавопаймоҳои зарбазани ҷабҳавии Су-24М, ҳавопаймоҳои иктишофии Су-24МР, ҳамчунин чархболҳои зарбазани Ми-24 ва ҳудуди 500 нафар хизматчиёни ҳарбии бригадаи алоҳидаи кӯҳии Ҳавза аз Сибири Ҷанубӣ бо автомашинаҳли зиреҳпӯши «Тигр» ба Қирғизистон интиқол дода шудаанд.

Дар машқгоҳи «Эделвейс»-и мавзеи наздисоҳилии Иссиқ-Кӯл амалҳои муштараки таълимиву ҷангӣ алайҳи гурӯҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ иҷро мешаванд. Марҳилаи фаъоли тамринҳои «Рисолати сулҳовар-2016» то 21 сентябр идома меёбад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио