Ҳавопаймои «Сомон Эйр» ба фурудгоҳи ибтидоӣ баргардонида шуд

Соати 00:33-и рӯзи 14 сентябр ба вақти маҳаллӣ ҳавопаймои Боинг 737-800, ки мансуб ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» мебошад ва аз рӯйи хатсайри №203, самти Душанбе – Санкт-Петербург парвоз мекард, ба фурудгоҳи ибтидоӣ баргардонида шуд. Сабаби баргардонидани ҳавопаймо ба Душанбе ин мушкилии индикатсия дар кабинаи ҳавонавардон вобаста ба ҷамъ нашудани яке аз чархҳои ҳавопаймо мебошад. […]

Иттилоияи расмӣ

Соати 00:33-и рӯзи 14 сентябр ба вақти маҳаллӣ ҳавопаймои Боинг 737-800, ки мансуб ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» мебошад ва аз рӯйи хатсайри №203, самти Душанбе – Санкт-Петербург парвоз мекард, ба фурудгоҳи ибтидоӣ баргардонида шуд.

Сабаби баргардонидани ҳавопаймо ба Душанбе ин мушкилии индикатсия дар кабинаи ҳавонавардон вобаста ба ҷамъ нашудани яке аз чархҳои ҳавопаймо мебошад. Ҳайати парвозӣ тамоми таҷҳизоти заруриро назорат карда, қарор қабул кард, ки бо мақсади бехатарӣ ба фурудгоҳи ибтидоӣ баргардад.

Баъди коркарди миқдори зарурии сӯзишворӣ, ки бо коҳиш додани вазни умумии нишасти ҳавопаймо вобаста мебошад, ҳавопаймо бомуваффақият ба фурудгоҳи Душанбе фуруд омад. Вақти умумии парвози ҳавопаймо 3 соату 26 дақиқаро дар бар гирифт.

Мусофирони хатсайри мазкур соати 02:20 ба вақти маҳаллӣ, тавассути ҳавопаймои дигари ширкати ҳавопаймоӣ – Боинг 737-900 ба шаҳри Санкт-Петербург интиқол дода шуданд.

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» барои эҷод кардани нороҳатӣ аз ҳар як мусофири хатсайри Душанбе – Санкт-Петербург, инчунин аз дигар мусофироне, ки бо сабаби ҳодисаи авиатсионӣ рӯйдода вақти парвоз ва нишасташон дар ҷадвали парвозҳо тағйир дода шуд, маъзарат мепурсад.

Феълан ширкати ҳавопаймоӣ ҷиҳати ҳар чӣ зудтар барқарор кардани ҷадвали парвозҳо ва ба самтҳои зарурӣ расонидани мусофирон саъю кӯшишҳои зиёд карда истодааст.

Шахсоне, ки хоҳиши супоридани чиптаҳои авиатсиониро доштанд, маблағи чиптаро аз маконе, ки онро харидорӣ намуда буданд ба даст оварданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио