Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои ИДМ дар Бишкек

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки санаи 16 сентябр дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек доир мегардад, иштирок мекунад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар ҳошияи кори нишаст дидору гуфтушунидҳои сарвари давлати Тоҷикистон бо чанде аз сарони кишварҳои узви Иттиҳод […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки санаи 16 сентябр дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек доир мегардад, иштирок мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар ҳошияи кори нишаст дидору гуфтушунидҳои сарвари давлати Тоҷикистон бо чанде аз сарони кишварҳои узви Иттиҳод дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, дар ин ҷаласа имзои 13 лоиҳаи санадҳо дар бахшҳои ҳамкориҳои сиёсӣ, гуманитарӣ ва таъмини амният ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон, иштироки худ дар ин нишастро сарони кишварҳои Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Русия ва Тоҷикистон тасдиқ намуда, Турманистонро – муовини раиси Девони вазирон, Молдоваро – нахуствазир, Ӯзбекистонро – вазири корҳои хориҷӣ ва Украинаро сафири ин кишвар намояндагӣ мекунанд.

Аз рӯи натиҷаҳои нишаст қабули як қатор асноди бисёрҷониба, аз ҷумла изҳорот оид ба муқовимат ба терроризми байнулмилалӣ, мушкилоти муомилоти маводи нашъаовар, изҳорот доир ба 70-солагии трибунали Нюрнберг, қарорҳои тадорукотӣ, аз қабили раёсати Русия дар ИДМ соли 2017 дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.